Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори Бонк дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози муаррифӣ сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии БМТ Кибриё Уроқова ба намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” барои ташриф ва пешниҳоди бизнес-модели автоматикунонидашудаи тайёр изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки таҷрибаи ширкати мазкур баҳри татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар доираи муаррифӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” ба иштирокдорон оид ба таъминоти барномавӣ барои таҳияи ҳисоботи мутамарказ ва фаъолияти низоми автоматишудаи бонкӣ (низоми амалиётҳо) дар низоми бонкдории исломӣ маълумот манзур гардид. Зимни муаррифӣ вобаста ба таҷрибаи амалии истифодаи хисоботҳои таҳлилӣ ва идорӣ дар бонкҳои марказӣ, шакли ҳисоботдиҳии марказонидашуда, инчунин ҷорӣ кардани низоми амалиётҳои (транзаксияҳои) бонкдории исломӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон маълумот дода шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шиносоӣ бо низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи бонкдории исломӣ барои бонкҳои марказӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии бонкдории исломӣ ва таҷрибаи беҳтарини ин низом дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорон дар қисмати муҳокимаронӣ бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин самт боз ҳам мукаммал намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иштироки намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) ва мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Департаменти назорати бонкӣ доир гардид.





Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста