Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бинобар сабаби дар даст надоштани аризаи «Тоҷиктелеком" алҳол нархи интернетро муқаррар накардааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) аз оғози сол аз оператори миллӣ бо нархи 51 ҳазор доллар барои як хати гигабитӣ интернет мехаранд.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки оператори миллӣ бояд ба интернете, ки ба провайдерон мефурӯшад, нарх муқаррар кунад, лекин аз «Тоҷиктелеком» ба Хадамот то ҳол дар ин бора ягон маълумоте нарасидааст.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин бозор, акнун ширкатҳои фароҳамсози интернет маҷбуранд, ки аз Тоҷиктелеком» бо нархи 51 ҳазор доллар барои гигабит бидуни назардошти ААИ интернет харанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан онҳо ин миқдор интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Чин яклухт бо нархи аз 10 то 20 ҳазор доллар мехариданд.

Қодмрзода зикр кард, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамсози интернет дар робита ба мушкилоти мазкур ҷиҳати ибрози назарашон вобаста ба нархгузории он мактуб равона кардааст.

«Онҳо метавонанд ба мо далелҳои худро пешниҳод кунанд ва мо онҳоро баррасӣ мекунем», - қайд кард Қодирзода.

Ба савол дар бораи монополӣ будани амалҳои «Тоҷиктелеком» дар ин самт, Қодирзода посух дод, ки дар қатори 28 субъекти дигар «Тоҷиктелеком» аз соли 2010 дар рӯйхати Субъектҳои монополияҳои табиӣ қарор дорад ва амалҳои ӯ бо қонун «Дар бораи монополияҳои табиӣ» танзиму назорат мешавад.

Қобили зикр аст,ки ширкати миллии «Тоҷиктелеком», трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. «Тоҷиктелеком» аз соли нав мустақилона харидории интернетро ба провайдерон ва ширкатҳоии мобилӣ манъ кард.

Дар ҳамин ҳол, аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.