Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҷиҳати барқарор крадани эътимоди мардум ба бонкҳо аз чораҳои қатъӣ кор гирад. Ҳамчунин ба ҷумҳурӣ қабули тадбирҳо дар самти рафъи хатарҳои устувории қарзи давлатӣ тавсия шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои сафари 10-рӯзаи ҳайати Хазина ба кишвар барои шиносоии наздик бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон намояндагони Хазина ба чунин хулоса расидаанд.
Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда санаи 29 май дар сомонаи ХБА қайд мешавад, ки аз тадбирҳои рӯйикоромада оид ба такмили танзими бахши молиявӣ ва назорат истиқбол шуда, таъкид мешавад, ки «лекин ба ҳар ҳол, барои барқарор намудани эътимоди саҳмгузорон ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ заруранд».
Мутахассисони ХБА зикр мекунанд, ки роҳандозӣ нашудани тадбирҳои қатъӣ оид ба солимгардонии вазъи ду бонки дучори мушкилот («Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»), ба миёнаравии пурсамар дар кишвар монеъа эҷод мекунад.
Гуфта мешавад, дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ барои дурнамои молиявӣ хавфҳо вуҷуд дорад ва «идоракунии ин хавфҳо ҳамгиройии молиявӣ барои устувор нигоҳ дошатни қарзро тақозо менамояд».
Дар гузориш таъкид мешавад, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли охир аз 42 то ба 50 фоиз боло рафт.
Намояндагони Хазина аз оғози ислоҳот дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ (Барқи тоҷик) истиқбол намуда, бар ин назаранд, ки тақсими ширкат ба се сохтор - оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсимот самаранокии фаъолияти ин соҳаро беҳтар карда метавонад.
Зиёнҳои расида ба ширкати «Барқи тоҷик»-ро иқтисодчиёни ХБА ба мавҷуд набудани ҳисоботнокӣ, ношаффофӣ дар идоракунӣ, ҳамчунин муқаррар шудани тарифҳои пасттар аз арзиши аслӣ барои корхонаҳои бузург нисбат медиҳанд.
Дар робита ба барномаи нави ХБА барои дастгирии Тоҷикистон дар изҳорот гуфта мешавад, ки баррасии он моҳҳои наздик оғоз мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ХБА таҳти сарварии Падамжа Хандевалла аз 14 то 23 май дар Тоҷикистон қарор дошт. «Дар ҷараёни сафари ҳайат бо ҳукуматдорони Тоҷикистон гуфтушунид ва муколамаҳои созанда баргузор шуданд», - омадааст дар изҳороти Хазина.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
«Еда и транспорт». На что тратят деньги таджикские студенты?
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста