Ҳукумати Тоҷикистон алҳол ният надорад, ки тарифҳои обёрии заминҳоро боло барад. Ҳарчанд болоравии нархи нерӯи барқ дар назар бошад ҳам.
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки бо сабаби аз ҷониби Агентӣ ба кишоварзон пешниҳод шудани хизматгузории аз арзиши аслиаш пасттар имсол сабзавоту мева арзон шуд, зеро ҳукумат барои рӯйпӯш кардани қарзҳо ба Агентӣ 26 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Нимаи аввали соли 2018, ба гуфтаи ӯ, тариқи пойгоҳҳои обкашӣ барои обёрии заминҳо ба деҳқонон ба маблағи умумии 34 млн. сомонӣ об дода шуда, пардохти маблаги воқеӣ бошад, наздики 26 млн. сомониро ташкил дод.
«Баъди барҳам додани Агентии мелиоратсия ва захираҳои об, ҳукумат қарзҳои онро дар ҳаҷми 242,8 млн. сомонӣ барои истифодаи барқ аз эътибор соқит кард. Имсол ҳукумат ба маблағи 71 млн. сомонӣ қарзҳои нави Агентиро ҳам бекор кард», - гуфт директори Агентӣ.
Сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашии Агентӣ Рустам Баротов қайд кард, ки тарифҳо барои истифодаи об аз соли 2005 тағйир наёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, давоми ин 12 сол тарифҳои истифодаи барқ 5,1 баробар ё худ 510% афзуд.
«Имрӯз дар ҷумҳурӣ 388 пойгоҳи обкашӣ ва 1 ҳазору 492 агрегат мавҷуд буда, бар асари норасоии қисмҳои эҳтиётӣ 56 пойгоҳ кор намекунад, - зикр кард Баротов. – Наздики 80%-и таҷҳизоти пойгоҳҳо ҳанӯз солҳои 50-70-уми асри гузашта насб шудаанд. Барои аз сифр барқарор намудани кори ҳамаи пойгоҳҳои обкашии Тоҷикистон на камтар аз 750 млн. доллар маблағ зарур аст».
Зимнан зикр гардид, ки қарзи истифодабарандгони об аз Агентӣ ба беш аз 112 млн. сомонӣ расида, дар навбати худ қарзи Агентӣ назди ширкати «Барқи тоҷик» 104 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста