Дар шаҳри Алмаато бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.
Дар маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд мешавад, ки тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Гуфта мешавад, дар доираи ҷаласа масъалаҳои Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи савдо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.
”Завқизода Завқӣ дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин дар ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи миллии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардид.
Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА/SPECA) соли 1998 бо ташаббус ва ҷонибдории Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE - United Nations Economic Commission for Europe) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP - United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific) ва боз 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
Баъдтар ба ин Барнома Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ҳамроҳ шуданд. Ҳуҷҷати таъсисии СПЕКА - декларатсияи Тошканд мебошад, ки 26 марти соли 1998 аз ҷониби кишварҳои муассис ба имзо расонида шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста