Рӯзҳои 20-21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои лоиҳа – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, сатҳи баланди шарикони рушд – Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, коршиносони Барномаи минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ (Energy Links) ва Котиботи лоиҳа ширкат варзиданд.
Ҳайати тоҷикистониро дар ҷаласаи мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - Усмонзода Усмонали Юнусали роҳбарӣ намуда, дар ҳайати мазкур ҳамзамон, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ, Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Баҳодур шомил буданд.
Дар рафти ҷаласа паҳлуҳои гуногуни рафти омодасозии Лоиҳаи CASA-1000 ва гузариш ба марҳилаи пурраи сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа қарордодҳои зерин ба имзо расонида шудаанд:
- шартнома байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Ширкати шведсиягии ABB оид ба бунёди зеристгоҳи конверторӣ дар мавзеи Сангтӯда бо иқтидори 1300 МВт;
- шартнома байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ширкати ҳиндустонии Kalpataru Power Transmission Ltd оид ба бунёди қисмати тоҷикистонии хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ;
- шартнома байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ширкати италиягии CESI оид ба хизматрасониҳои мушовирӣ доир ба иншооти ҷараёни доимии лоиҳа;
- шартнома байни ширкати миллии энергетикии Покистон ва ширкати шведсиягии ABB оид ба бунёди зеристгоҳи конверторӣ дар мавзеи Новшера бо иқтидори 1300 МВт;
- шартнома байни ширкати миллии энергетикии Покистон ва ширкати италиягии CESI оид ба хизматрасониҳои мушовирӣ доир ба иншооти ҷараёни доимии лоиҳа.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати таъмини назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни тағйирёбандаи Лоиҳа қаблан, байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкати Моненкои Эрон шартномаҳои дахлдор (дар алоҳидагӣ) ба имзо расонида шуда буд.
Ҳамчунин, санаи 10 декабри соли 2017 вобаста ба сохтмони интиқоли барқи ҷараёни доимии 500 кВ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон байни ширкати энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ширкатҳои ҳиндустонии Kalpataru Power Тransmission Ltd ва КЕС International Ltd ва санаи 26 майи соли 2018 байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ширкати ҳиндустонии Kalpataru Power Тransmission Ltd шартномаҳои пудратӣ имзо гардида, корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамин тариқ, қариб ҳамаи шартномаҳои пудратӣ ба имзо расонида шуда, корҳои воқеии сохтмонӣ дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои аъзои лоиҳа оғоз гардид.
Дар чорчубаи вохӯрии мазкур, як қатор вохӯриҳои дуҷонибаю сеҷониба ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди минтақавӣ бо шарикони рушд гузаронида шуд.
Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботҳои ҳуқуқӣ ва бо ба имзо расонидани шартмаҳои пудратӣ дар тамоми қисматҳояш, расман ба марҳилаи сохтмон гузашт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо ва шарикони рушд бо такя ба таҷрибаи бо муваффақи лоиҳаи CASA-1000 омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи энергетика иброз намуданд.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста