Айни замон дар корхона шабонарӯзӣ то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.
“Феълан танҳо ду агрегати Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” кор мекунанд, ки то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Барқи тоҷик”. – Баъдтар боз ду агрегати дигар ҳам ба кор дароварда мешаванд”.
Дар ширкат қайд карданд, ки айни замон дар корхона танҳо нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, зеро ба энергияи гармӣ алҳол зарурат нест.
Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе маъмулан нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли оянда идома меёбад.
МБГ “Душанбе-2” аз ҳисоби маблағҳои ширкати чинии ТВЕА дар ҳаҷми наздики 350 млн. доллар сохта шуда, ба ивази он ширкати Чин ба ду кони тилло дар вилояти Суғд – “Дуоба” ва “Кумарғи Боло” дастрасӣ пайдо намуд. То пурра баргардонидани маблағҳои сарфшуда ба сохтмони марказ, ширкат ба истифодаи ин конҳо ҳуқуқ дорад.
Ду агрегати аввали МБГ “Душанбе-2” соли 2016 ва ду агрегати дигар тирамоҳи соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтанд. Баъди пурра ба истифода додани марказ Тоҷикистон бори нахуст тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пурра худро бо нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон таъмин кард.
Иқтидори умумии МБГ “Душанбе-2” 400 МВт нерӯи барқ ва 360 Гкал энергиияи гармиро ташкил медиҳад. Корхона ба истеҳсоли то 9 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир аст, ки беш аз 60%-и талаботи пойтахт ба нерӯи барқро таъмин карда метавонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста