Бо вуҷуди рушди алоқаи барқӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи муосир, ҳаҷми даромади ширкатҳои мобилӣ тайи солҳои охир кам шуда, ин дар навбати худ, ба коҳиши ҳаҷми андозҳо боис гардид, гуфта мешавад дар вокуниши Кумитаи андози Тоҷикистон бобати муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Хадамоти зиддиниҳисорӣ дар бораи бекор кардани фармоиши боло бурдани нархи интернети мобилӣ.
Шарҳи Кумитаи андозро вобаста ба ин масъала дар зер манзуратон мегардонем:
"Вокуниши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба изҳороти роҳбарони созмонҳои "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Анҷумани миллии расонаҳои мустақил", "Иттифоқи истеъмолкунандагон", “Имкониятҳои баробар", "Баробарӣ" ва "Анҷумани соҳибкорони хурду миёна"
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснокии ваҷҳу далелҳоеро, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ дар муроҷиати худ ба Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13.03.2019 дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019, №31 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” нашр шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ба шабакаи Интернет дар ду шакл, яъне тавассути хизматрасонии Интернети хаттӣ ва хизматрасонии Интернети мобилӣ сурат мегирад.
Хизматрасониҳои Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон, асосан, аз ҷониби чор ширкати соҳаи хизматрасонии алоқаи мобилӣ, ба аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо пешниҳод шуда истодааст: ҶСП “Индиго Тоҷикистон” бо нишони молии “Тселл”, ҶДММ “Таком” бо нишони молии “Билайн”, ҶСП “ТТ мобайл” бо нишони молии “МегаФон”, ва ҶСП “Вавилон - Мобайл” бо нишони молии “Вавилон-М”.
Новобаста аз рушди соҳаи алоқаи барқӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи муосир, даромади ширкатҳои мазкур аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар солҳои охир кам гашта, мутаносибан боиси кам ҳисоб ва пардохт шудани андозҳо гардида истодааст, ки асосан ба омилҳои зерин вобаста мебошад:
Тибқи натиҷаи таҳлилҳо дар давоми 4 соли охир трафики воридотию содиротии байналмилалии зангҳои овозӣ кам шуда, ҳамзамон трафики хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет), ки дар дохили худ дигар намуди хизматрасониҳои овозӣ, аз ҷумла трафики алоқаи байнишабакавӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, IP-телефония, телеграф ва ғайраро дар бар мегирад, зиёд шуда истодааст. Қобили қайд аст, ки барои ин гуна хизматрасониҳо муштарӣ танҳо барои харидорӣ намудани хизматрасонии телематикӣ (яъне, Интернет) маблағ пардохт намуда, аз тамоми дигар хизматрасониҳои дар боло зикргардида истифода мекунад ва чунин тартиб барои ширкатҳои мобилӣ қулай мебошад. Чунки, меъёри ченаки Интернет, ки бо мегабайт (Mb) муайян карда мешаванд, дар қонунгузорӣ барои мақсадҳои назорат ва баҳисобгирии даромаду хароҷоти ширкатҳои хизматрасонии Интернети мобилӣ ба таври дақиқ муайян нагардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмуъ, ширкатҳои номбаршуда, агар дар соли 2015 дар ҳаҷми 2 миллиарду 303 млн. дақиқа хизматрасониҳои байналмилалии алоқа анҷом дода бошанд, пас дар соли 2018 танҳо дар ҳаҷми 600 млн. дақиқа чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 1 миллиарду 703 млн. дақиқа кам мебошад ё ин ки танҳо 26 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2016-2017 мутаносибан 2016,0 млн. ва 1125,4 млн. дақиқаро ташкил медиҳад.
Бо сабабҳои дар соли 2018 нисбат ба солҳои 2015- 2017 кам шудани хизматрасониҳои байналмилалии алоқа, яъне трафикҳои овозии байналмилалӣ, маблағҳои ҳисобшудаи андозҳои мустақим ва ғайримустақим низ дар фаъолияти ширкатҳои мазкур ба ҳадди назаррас кам гардидааст. Аз ҷумла, андозҳои ихтиёран ҳисобнамудаи ширкатҳои мазкур дар соли 2018 танҳо 772,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 ба маблағи 367,2 млн. сомонӣ кам мебошад ё ин ки танҳо 67,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳол он ки даромади ширкатҳо, дар маҷмӯъ, ба ҳадди андозҳои ҳисобшуда кам нашудааст.
Дар баробари ин, ба бо вуҷуди мушкилиҳои соҳа, дар давраи солҳои 2015-2018 хизматрасониҳои телематикии (Интернет) чор ширкати мобилии номбаршуда, сол аз сол зиёд гардида истодааст. Агар, дар соли 2015 чунин хизматрасониҳо 8 миллиарду 731 млн. мегабайтро ташкил карда бошад, пас ширкатҳои мазкур дар соли 2018 дар ҳаҷми 25 миллиарду 771 млн. мегабайт чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 17 миллиарду 40 млн. мегабайт зиёд мебошад ё ин ки афзоиш 295 фоизро ташкил медиҳад.
Чуноне ки қайд гардид, дар қонунгузории амалкунанда меъёр ва мафҳумҳои хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) равшану возеҳ муқаррар нашудааст ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақомоти ваколатдор дар соҳаи алоқаи барқӣ, барои назорат ва баҳисобгирии хизматрасониҳои телематикӣ таҷҳизоои махсуси телекомуникатсионӣ ва ҳисоббарор надорад. Ин омил ба ширкатҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки аз таҷҳизот ва барномаҳои муосири худ истифода намояд ва трафики хизматрасониҳои телематикиро ба трафики овозӣ иваз карда, тарофаҳои гуногуни тиҷоратиро истифода ва манбаи андозбандиро сол ба сол кам намоянд.
Мавриди қайд аст, ки дар фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нархномаҳои гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ барои операторони соҳаи алоқа арзиши хизматрасонӣ танҳо барои трафики овозӣ барои як дақиқа муайян гардида, фармоишҳои мазкур низ, хизматрасониҳои телематикӣ (яъне, меъёри мегабайти (Mb) Интернет) - ро танзим намекунанд.
Таҳлили бозори алоқаи барқӣ шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси пешниҳоди хизматрасониҳои нав (Вайбер, Инстаграм, Телеграмм, ИМО, Фейсбук, Твитер ва ғайра), ки тавассути Интернет амалӣ мегардад, роҳандозӣ гардида истодааст. Ин намуди хизматрасониҳо боиси коҳишёбии истифодаи алоқаи овозии муштариёни операторони алоқаи мобилӣ гардидааст.
Инчунин, мувофиқи маълумоти таҳлилӣ, ба хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқии овозӣ асосан ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон - Тоҷикистон) ва ҶДММ “Таком” (Биллайн) машғул буда, дар мавриди гузаронидани трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, бо сабаби таҳти назорати пурра қарор гирифтан, ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи ин ширкатҳо сол аз сол кам гардида истодааст.
Масалан, агар ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон - Тоҷикистон) дар соли 2016 дар ҳаҷми 1 млрд. 5 млн. дақиқа хизматрасониҳои байналмилалиро анҷом дода бошад, пас ширкати мазкур дар соли 2017 тавассути Маркази ягонаи коммуникатсиониӣ, танҳо дар ҳаҷми 783 млн. дақиқа хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба андозаи 717,0 млн. дақиқа кам мебошад. Ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2014-2015 мутаносибан 1 212,7 млн. ва 1018,4 млн. дақиқаро ташкил додааст.
Чунин нишондиҳанда дар ҶДММ “Таком” (Биллайн) дар соли 2016-428 млн. дақиқа ва дар соли 2017 -ум, 172 млн. дақиқаро ташкил додааст, ки 256 млн. дақиқа кам мебошад. Ҳаҷми дақиқаҳои истифодабурдаи ин ширкат дар соли 2014-2015 мутаносибан 1 212,7 млн. ва 1018,4 млн. дақиқаро ташкил додааст.
Бо дарназардошти дар қонунгузории амалкунанда мушаххас пешбинӣ нагардидани меъёри муайян барои назорати ҳаҷми истифодашудаи хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) дар фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, онҳо ба ин самти нави хизматрасонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд ва мувофиқи маълумоти аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасшуда, арзиши миёнаи тарифи амалкунандаи 1 Мегабайт Интернети мобилӣ дар ҷумҳурӣ барои соли 2018 ба 0,024 сомонӣ баробар мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби тарофаҳои амалкунанда, арзиши 1 (як) Мегабайт бо ҳисоби миёна дар ҶСП “Вавилион Мобайл” (Вавилон – М) 0,039 сомонӣ, ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон Тоҷикистон) 0,016 сомонӣ ва “Индиго Тоҷикистон” (Тселл) 0.025 сомонӣ ва ҶДММ “Таком” (Биллайн) 0,014 сомониро ташкил менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Тселл) бастаи (пакет) хизматрасонии интернетии “G +” ҷорӣ гардида, ҳангоми аз меъёр зиёд истифода намудан, барои 1 мегабайт рӯзона 0,10 сомонӣ ва шабона 0,05 сомонӣ арзиш муқаррар шудааст.
Инчунин, дар ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон Тоҷикистон) ҳангоми аз бастаи (пакет) хизматрасонии Интернет зиёд истифода намудан, барои 1 мегабайт 0,50 сомонӣ муқаррар шудааст. Яъне, айни ҳол барои истифодаи Интернети мобилӣ, муштариёни ширкатҳои хизматрасони алоқаи мобилӣ маблағи ҳар як мегабайти Интернети истифодашавандаро бо арзиши аз 0,014 то ба 0,50 сомонӣ пардохт карда истодаанд, аммо, бино бар мушаххас набудани меъёри назоратӣ, андозҳои ҳисобкарда ва пардохтшудаи ширкатҳои мобилӣ дар қиёс бо даромади онҳо сол аз сол коҳиш ёфта, боиси нигаронӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, мутобиқи ҳисоботи расмии ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон Тоҷикистон), ки ба Кумитаи андоз санаи 30.03.2019, №11-GEN-исх.-00191/19 ворид шудааст, муайян шуд, ки дар соли 2018 аз ҳисоби тарофаҳои амалкунанда, арзиши 1 (як) Мегабайт бо ҳисоби миёна дар ҶСП “ТТ мобайл” (Мегафон Тоҷикистон) 0,072 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тарифи амалкунандаи Интернети мобилӣ дар Мегафон Тоҷикистон аз аризише, ки бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019, №31 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” бо нархи 0,05 барои 1 (як) Мегабайт муайян шудааст, ба андозаи 0,022 сомонӣ зиёд мебошад. Гуногунии арзиши 1 (як) Мегайбат Ит дар маълумоти аз ширкатҳои мобилӣ дастрасшуда омӯзиши иловагиро талаб намуда, саволро ба миён меорад, ки ҳангоми, аллакай, баланд будани тарофа барои 1 (як) Мегабайт Интернети мобилӣ, чаро баҳсу мунозира ва шикоятҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ мегирад ва худи ширкатҳои мобилӣ вобаста ба ин фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ чаро изҳороти расмӣ намекунанд?
Бино бар асосҳои зикршуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, танзими хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) амри воқеӣ буда, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шуданд, ки барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқӣ ва дар ин асос такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ба танзим даровардани назорати истифодаи ҳаҷми Интернет ва баҳисобгирии даромаду хароҷоти аслии ширкатҳои мобилӣ, чораҷӯӣ намоянд.
Бояд зикр кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи вазифаҳои худ нархҳои (тарифҳои) мол (кор ва хизматрасонӣ) – и субъектҳои хоҷагидореро, ки дар бозори молӣ муайян, аз ҷумла бозори хизматрасонии алоқаи барқӣ, мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисориро доро мебошанд, ба танзим медарорад.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани тарифҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла хизматрасонии Интернети мобилӣ, мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” бо фармоиши худ аз 4 марти соли 2019, №31 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” тарифҳои пайвастшавии байнишабакавӣ, байналмилалӣ ва хизматрасониҳои телематикии алоқаи барқиро барои як дақиқаи пайваст барои операторони соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар намудааст.
Фармоиши мазкури Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 27 марти соли 2019 мавриди иҷро қарор гирифта, ба оператороне, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро анҷом медиҳанд ва мавқеи ҳукумфарморо дар бозори молии алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, татбиқ карда мешавад.
Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” мутобиқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” барои муайян намудани миқдори воқеии Интернети истифодашуда ҷиҳати ба танзим даровардани хизматрасонии Интернети мобилӣ, қабул ва танҳо барои хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ равона шудааст. Фармоиши мазкур ба нархи тарофаҳои хизматрасонии Интернети хаттӣ (фиксированый Интернет), ки дар фаъолияти идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ истифода мегардад, таъсир нарасонида, хароҷоти иловагиро аз ҳисоби аҳолӣ, корхона ва ташкилотҳо талаб намекунад.
Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои зикршуда, ба инобат гирифтани таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар танзими соҳаи алоқаи мобилӣ ва бо мақсади назорати арзиши аслии хароҷоти дастрас намудани Интернет ба шабакаҳои операторони мобилӣ, Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2019, №31, саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошад”.
Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ то ҳанӯз муштариёни худро дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нав огоҳ накардаанд.
Корбарони шабака қайд мекунанд, ки имрӯз аз тавозуни онҳо барои интернет бо тарифҳои пешина маблағ гирифта шудааст. Яъне амалан нарх ба хизматгузориҳои мобилӣ алҳол қимат нашудааст.
Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилӣ имрӯз ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ширкатҳои мобилӣ 27 март тарифҳои навро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намуда, вале то ҳол ҳеҷ қароре қабул нашудааст.
“Тарифҳои нави ҳамаи операторони мобилӣ барои бақайдгирӣ ва мувофиқа ба Хадамоти зиддинҳисорӣ пешнҳод шуданд. Бе мувофиқаи хадамот оператрони мобилӣ ба пешниҳоди хизматрасониҳо бо тарифҳои нав ҳуқуқ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо бо нархҳои пешин хизматрасониро идома дода истодаанд”, - хабар дод Эркаев.
Ҳанӯз санаи 29 март як манбаи огаҳ аз масъалаи мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки баррасии масъалаи арзиши интернет идома дошта, шояд хизматрасониҳо на ба андозаи 2-3 баробар, тавре пештар зикр шуда буд, балки 50% гарон шаванд.
Имрӯз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳамин манбаъ зикр намуд, ки дар бораи 50% болоравии нарх низ алҳол ҳеҷ гуна тасмиме гирифта нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 декабря 2024 года
Как справиться с предновогодним стрессом: советы врача
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста