Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои ошкор намудан ва рафъи монеъаҳо дар роҳи рушди фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорон назарпурсӣ мегузаронад.

Дар маълумоти сомонаи Кумита қайд мешавад, ки назарпурсӣ байни намояндагони бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои назарсанҷӣ барои таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирии бахши хусусии ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2021-2030 доир мегардад.

Гуфта мешавад, назарсанҷӣ ба ошкор намудани монеъа ва камбудиҳо дар роҳи рушди бахши хусусӣ, инчунин ҷамъоварии пешниҳодҳои мушаххаси соҳибкорону коршиносон ҷиҳати беҳсозии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ кумак мекунад.

Назарпурсӣ аз 23 саволҳои гуногун дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ иборат буда, бо суроғаи зерин ба онҳо метавон посух дод.

Собиқ муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода рӯзи 4 декабр раиси нави Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд. Дар ин мансаб ӯ Фаррух Ҳамрализодаро иваз намуд, ки сафири Тоҷикистон дар ИМА таъин шуд.

Монеъаҳо

Намояндагони тиҷорат ва коршиносон ба бисёр мушкилоте ишора мекунанд, ки дар рушди бахши хусусӣ садд мегузорад.

Иқтисодчии мустақил Баҳриддин Каримов бар ин назар аст, ки бахши хусусӣ дар кишвар зери фишори шадиди сарбории андоз ва мақомоти танзимгар қарор дорад.

“Тибқи арзёбии коршиносони байнулмилалӣ (Бонки ҷаҳонӣ, Pricewaterhouse Coopers, World Economic Forum), ҳаҷми умумии пардохтҳои маъмурӣ ва андоз ҳудуди 70% фоидаи софи субъекти соҳибкории хурд ва миёнаро ташкил медод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст”, - қайд кард вай.

Ҳамчунин, ба қавли Каримов, Тоҷикистон устуворона яке аз зинаҳои охирро дар рейтингҳои ҷаҳонии арзёбии муҳити соҳибкорӣ ва тиҷорат ишғол менамуд (аз ҷумла дар Пешбурди тиҷорат, Индекси рақобатпазирӣ ва ғайра).

“Монеъаҳои сершумор дар рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз монополия (мунҳасир) кардани бозорҳои асосӣ, монеъаҳои зиёд барои ба бозорҳои ҷолиб роҳ ёфтани ширкатҳои нав ва сармоягузорон, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истихроҷи минералҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва хӯрокворӣ; сиёсати таҳрифшудаи андоз ва танзим иборатанд, ки сарбории асосӣ ба дӯши соҳибкорони инфиродӣ вогузор гардида, дар натиҷа аксарияти намояндагони тиҷорат кори худро қатъ намуданд ё нақшаи тавсеъаи тиҷоратро ҷиддӣ бозбинӣ карданд”, - илова кард иқтисодчӣ.

Хориҷ шудани сармоя

Намояндагони бахши хусусӣ чандин маротиба изҳор доштанд, ки бо сабаби муҳити номусоиди корӣ дар Тоҷикистон, ҷумҳуриро натанҳо сармоягузорони хориҷӣ тарк мекунанд, балки сармоягузорони маҳаллӣ низ аз ноилоҷӣ тиҷорати худро ба ҳамсоякишварҳо, ки дар онҳо шароити бештар мусоид фароҳам аст, интиқол медиҳанд.

Ин гуфтаҳо, аз ҷумла бо маълумоти чанде пеш нашршудаи Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон тасдиқ мешаванд, ки мувофиқи он дар ин кишвари ҳамсоя 178 корхона бо сармоягузории мустақими Тоҷикистон амал мекунанд, ки 103-тоашон тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки имкони фаъолият барои тоҷирони тоҷик дар Ӯзбекистон пас аз соли 2016, баъди сари мансаби сарвари давлати ин кишвар омадани Шавкат Мирзиёев ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба байни давлтҳо фароҳам омад.

Инчунин қаблан дар бораи бурунрафти сармоя аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Қазоқистон ва ҳатто аз лиҳози вазъи сиёсӣ ноустувори Афғонистон низ сухан мерафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.