Даҳ номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим, ки нархашон бояд аз ҷониби давлат танзим шаванд, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, хабар дод муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 июл дар Душанбе.
Ӯ зикр кард, ки Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки бо қарори ҳукумат моҳи майи соли 2018 тасдиқ шуд, аз 19 номгӯи молу маҳсулот иборат аст.
Ба гуфтаи ӯ, ба 10 номгӯи маҳсулоти воридотӣ инчунин маҳсулоте, ки дар ҷумҳурӣ бо истифода аз ашёи хоми хориҷӣ истеҳсол мешаванд, низ дохил мешаванд.
“Масалан, аз гандуми воридшуда дар дохили кишвар орду макарон истеҳсол карда мешавад”, - шарҳ дод номбурда.
Дар аввал ба Номгӯй 16 навъи маҳсулоти хӯрокворӣ ворид гардида, солҳои 2019-2020 ба он маводи сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ), маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ) илова шуд.
Дар ҳолате, ки агар нархҳо дар давоми як моҳ беасос 20 фоиз ва бештар аз он зиёд карда шаванд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ сатҳи болоии арзиши молу маҳсулоти дар рӯйхат зикршударо барои як давраи муайян (ду то се моҳ) муқаррар мекунад.
Агар муайян карда шавад, ки чунин нархгузорӣ комилан асоснок аст, Хадамот ба он дахолат намекунад.
Айни замон Номгӯй аз 19 молу маҳсулот ё гуруҳи молу маҳсулоти зерин иборат аст, аз ҷумла:
1. Орд (навъҳои 1 ва 2-юм)
2. Маснуоти нон (аз орди навъи 1 ва 2-юм)
3. Маснуоти макарон
4. Гандум
5. Биринҷ (шолӣ)
6. Картошка
7. Сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам)
8. Қанд ва шакар
9. Равғани растанӣ (пахта, офтобпараст) ва равғани маска
10. Маҳсулоти ширӣ (шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог)
11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
12. Гӯшт (гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ)
13. Тухми мурғ
14. Намак
15. Чой (кабуд ва сиёҳ)
16. Ғизои кӯдакона
17. Сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ)
18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ
19. Нуриҳои минералӣ.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста