Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии беш аз 51,2 млн доллар молу маҳсулот фиристода шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар ин давра ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни ду кишвар 52,7 млн долларро ташкил додааст, ки 97,2%-и он ба содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд. Дар муқоиса бо ҳаҷми содирот дар нимаи аввали соли 2021 ин нишондиҳанда 38% зиёдтар аст.
Замони сари қудрат будани ҳукумати пешинаи Афғонистон ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ҳамагӣ каме бештар аз 37,2 млн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 3% коҳиш ёфта буд.
Маҳсулоте асосие, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад, неруи барқ боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳ ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 44,9 млн доллар неруи барқ интиқол додааст.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, ҳудуди 92% аз ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон рост меояд. Ҳамчунин ба Ӯзбекистон низ як миқдор неруи барқ интиқол дода шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон пас аз Қазоқистону Чин, Туркия, Ӯзбекистону Эрон ва Белгия, Афғонистон ба “ҳафтгона”-и бозори асосии фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон дохил шуд.
Дар нимсолаи аввал ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод. Ҳаҷми гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 3,5 млрд доллар баробар шуд, ки 14,6% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.
Шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳудуди 750 млн доллар), Чин (наздики 670 млн доллар) ва Қазоқистон (зиёда аз 642 млн доллар) дониста мешаванд, ки ба онҳо наздики 57% аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷӣ рост меояд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста