Тайи ҳафтаи ахир болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ идома ёфт.
Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 28 феврал 1 доллар ба 10,92 сомонӣ иваз карда мешуд. Як ҳафта пеш (21 феврал) ин нишондиҳанда ба 10,68 сомонӣ баробар буд.
Ба ин тариқ, давоми ҳафтаи ахир асъори амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба андозаи 2,2% қимат шуд.
Аз 1 январи соли ҷорӣ қурби доллар нисбат ба пули миллии Тоҷикистон ба андозаи 7% - аз 10,2 то 10,92 сомонӣ (барои 1 доллар) боло рафт.
Ахиран қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар сатҳи рӯзи 28 феврал рӯзи 17 июни соли 2022 қарор дошт.
Беқурбшавии сомонӣ аз оғози сол нисбат ба дигар асъор нисбатан муътадил буд: евро аз 10,92 то 11,56 сомонӣ (5,9%) ва юани Чин - аз 1,49 то 1,57 сомонӣ (5,4%).
Дар ҳамин ҳол, қурби сомонӣ нисбат ба рубли Русия тайи ҳафтаи ахир бетағйир боқӣ монд: 1000 рубл мисли ҳафтаи пеш ба 144,5 сомонӣ иваз мешавад.
Ҳамчунин, қурби феълии сомонӣ дар баробари рубл дар қиёс бо қурби ин ду асъор то 1 январи соли ҷорӣ амалан дар як сатҳ қарор дорад.
Пули Русия, ки ба далели равобити наздики тиҷоративу иқтисодии ду кишвар то андозае ба қурби сомонӣ таъсир мерасонад, дар моҳи феврал дар баробари доллар тақрибан 7% поин рафт.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, қурби доллар аз 70,52 рубл дар рӯзи 1 феврал то ба 75,43 рубл дар рӯзи 28 феврал боло рафт.
Таҳлилгари Банки.ру Богдан Зварич сустшавии мавқеъи рублро ба афзоиши талабот ба арзи хориҷӣ барои воридот ва коҳиши воридоти асъор аз содиркунандагон бар асари таҳримҳо ва поин рафтани нархҳо дар бозорҳои молу маҳсулот марбут медонад.
Ӯ тағйироти минбаъдаи тавозунро ба нафъи арзҳои хориҷӣ пешбинӣ мекунад, ки дар динамикаи рубл дар моҳи март инъикос хоҳад ёфт.
“Дар шароити кунунӣ пули миллӣ дар нимаи аввали моҳи март метавонад мавҷи заифшавиро идома диҳад, ки дар натиҷа ба баландтарин сатҳ расидани доллар, евро ва юан аз эҳтимол дур нест”, - тахмин мекунад Зварич.
Ёдрас мекунем, ки дар соли 2022 қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, ки дар ҷумҳурӣ бештар талабот доранду ба сохтори захираи тиллою асъори кишвар дохиланд, ба таври бесобиқа мустаҳкам гардид.
Ба ин тариқ, соли гузашта қурби сомонӣ нисбат ба доллар ба андозаи 9,4%, евро - 14,8%, юан - 16,2% ва рубл - 3,7% боло рафт.
В Иране согласовали снятие запрета на использование в стране Google Play и WhatsApp
УМВД Душанбе предупреждает: мигалки и сирены на частных авто запрещены
Неформальный саммит СНГ на горнолыжном курорте: что обсуждали президенты и чем их угощали?
Птицы или поражающие элементы? Что могло вызвать катастрофу самолета Azerbaijan Airlines
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 декабря 2024 года
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста