Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ пас аз афзоиши муътадил дар моҳҳои пешини сол якбора босуръат боло рафт.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, молу маҳсулоти истеъмолӣ ва хидматрасониҳо тайи моҳи ахир ба андозаи 0,6% қимат шуданд.
Барои муқоиса, моҳи июл болоравии арзиши маҳсулот 0,3% ва афзоиши моҳона ба ҳисоби миёна дар 7 моҳи пешина - 0,37%-ро ташкил додааст.
Афзоиши баланди сатҳи таваррум дар моҳи август дар навбати аввал ба босуръат гароншавии маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2%, маҳсулоти хӯрокворӣ - 0,3% ва тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ - 0,6% рабт дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, мизони таваррум дар зарфи ҳашт моҳи соли ҷорӣ яке аз нисбатан пасттаринҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ - 3,2% боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3,8%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4,6% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 0,1% қимат шуданд.
Аз ин нишондиҳандаи пасти болоравии нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ танҳо дар ҳамин давраи соли 2013 - 2,5% ба қайд гирифта шуда буд.
Моҳи август кадом маҳсулот аз ҳама бештар қимат шуд?
Тавре ки дар боло зикр шуд, нисбатан зиёдтар арзиши маҳсулоти ғайриозуқа боло рафт.
Болоравии нисбатан назарраси нархҳо ба маҳсулоти зерин ба қайд гирифта шуд: гази моеъ - 41,6%, лавозимоти канселярӣ - 12,0%, либос барои кӯдакон - 5,0%, бензин - 3,3%, маҳсулоти фармасевтӣ - 0,2% ва таҷҳизоти маишӣ - 0,2%.
Аз хӯрокворӣ нархҳо ба чунин маҳсулот нисбатан зиёдтар боло рафт: бодиринг - 12,3%, сабзӣ - 6,4%, тухм - 3,5%, орди навъи 1-ум - 1,6%, биринҷ - 0,6%, карам - 0,5%, гӯшти гӯсфанд - 0,2% ва шакар - 0,1%.
Болоравии начандон назарраси нарху тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи август (0,6%) асосан аз ҳисоби қиматшавии дӯхтани куртаи занона (5,9%) ва шими мардона (2,8%) ба вуҷуд омад.