Бонки осиёии рушд (БОР) дар тағйирёбии пешгӯиҳо оид ба мизони таваррумо дар Тоҷикистон барои солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ маълумот дод. Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё”, ки рӯзи 20 сентябр нашр шуд, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 дар сатҳи 5,5% ва дар соли 2024 - 6% пешгӯӣ шудааст.
Дар гузориши моҳи апрели БОР афзоиши нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар соли 2023 дар сатҳи 7% ва соли 2024 - 6,5% пешбинӣ гардида буд.
Дар гузориши нав зикр мегардад, ки фишори таваррум дар Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ аз пешбинишуда тезтар паст шуда, ба бозбинии пешгӯиҳои таваррум дар солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ водор кард.
“Сатҳи таваррум аз 8,3% дар моҳи июни соли 2022 то ба 2,4% дар моҳи июни соли 2023 якбора коҳиш ёфт”, - навиштаанд мутахассисони БОР.
Таъкид мешавад, ки таваррум бо он ҷилавгирӣ шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми соли 2023 меъёри бозтамвилро ду маротиба коҳиш дод: дар моҳи феврал аз 13,0% то 11,0% ва дар моҳи май то 10,0%.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нимаи аввали соли 2023 арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 7,0% беқурб шуда, аммо дар баробари рубли русӣ 11,4% боло рафт.
"Бо дарназардошти ин тағйирот ва сарфи назар аз болоравии пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ, ин навсозӣ пешгӯиҳои таваррумро барои солҳои 2023 ва 2024 коҳиш медиҳад", - гуфта мешавад дар гузориш.
Дар он таъкид мешавад, ки болоравии тибқи нақша пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ дар нимсолаи аввал ба нимаи дуюми соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.
Муаллифони гузориш мушаххас накардаанд, ки то поёни соли ҷорӣ қимати кадом хидматрасониҳои коммуналиро боло мебаранд.
Барқ ё об?
Ба гумони ғолиб, дар бораи болоравии тарифҳо ба неруи барқ сухан меравад. Зеро раҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тобистони соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки тарифҳо ба оби нӯшокӣ дар солҳои наздик боло бурда намешаванд.
Қобили зикр аст, ки тарифҳои неруи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.
Солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз бори навбатӣ боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.
Ахиран тарифҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), 1 октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат неруи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.
Дуруст аст, ки аз 1 январи соли 2023 тариф барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.
То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел - 11,80 дирам) пардохт мекард.
Дигар категорияҳои истеъмолгарон барои истифодаи барқ айни замон бо тарифҳои зерин маблағ пардохт мекунанд:
- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 26,51 дирам;
- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр - 9,2 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март - 26,51 дирам;
- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 9,2 дирам;
- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 12,6 дирам;
- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр - 10,64 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел - 60,65 дирам;
- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф - 45,51 дирам.