То моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.
Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо - 42,8 млн доллар равона шудааст.
Таъмини иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат дар доираи нақшаи тасдиқшуда амалӣ гардида, қарзҳо ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва давлатҳои ҷудогона вуҷуд надоранд.
Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.
Қарздиҳандаи бузург ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он ҳудуди 900 млн доллар қарздор аст. Ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ қарзҳо нисбатан зиёданд.
Тоҷикистон инчунин аз евробондҳо (500 млн доллар) қарздор аст, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷалб шуда буданд. Ин қарз мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда пардохт мешавад.





Мухаммад Наимов техническим нокаутом проиграл Майрону Сантосу на UFC 323
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2025 года
Мебельные цеха в Душанбе, где делают качественную уютную мебель
В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста