Дар ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсат дар соҳаи саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 4 июн дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар дар Иттиҳод ният дорад, ки самти стратегии аз ҷониби сарони кишварҳои ИДМ муайяншударо доир ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи саноат амалӣ намояд.
Баргузории ин ҷаласа дар Тоҷикистон ба гуфтаи Шералӣ Кабир, барои аз наздик ошно гардидан бо рушди кишвар ва шиносоӣ бо имконот ва дурнамои рушди он имкони хуб фароҳам меорад.
“Иттиҳод механизми муҳим барои Тоҷикистон дар татбиқи ҳамкории бисёрҷониба буда, як шакли анъанавӣ ва мувофиқи ҳамкории мутақобила байни давлаҳои узви он боқӣ мемонад”, - зикр кард вазир.
Дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарони вазорату идораҳои соҳавии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Ҳамчунин роҳбарони 5 мактаби олӣ - муассисаҳои заминавӣ оид ба омодагӣ ва такмили касбу ихтисоси кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат ҳузур доштанд.
Дар ҷаҳорчӯби ҷаласа ҳамчунин авалин Вохӯрии машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2024 дар Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои минтақа пешниҳод шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки раисони ҳукуматҳо тасдиқи Консепсияи рушди ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи саноати сабук, Конесепсияи ҳамоҳангсози низомҳои миллии ҳамлу нақли ҳавоии кишварҳои иттиҳод ва Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳодро дар соҳаи солимии аҳолӣ дар нақша доранд.
Ғайр аз ин, имзои созишнома оид ба рушди соҳаи мошинсозии вазнин дар назар буда, Муқаррарот дар бораи принсипҳои ташаккули сохтори тадорукотиву техникӣ, бунёд ва роҳандозии фаъолияти Низоми муттаҳидаи алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод ба баррасӣ пешниҳод мешавад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста