Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои худ аз Русия Михаил Мишустин дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва фарҳангу башардӯстона баррасӣ мешаванд. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ имрӯз, 25 апрел дар Маскав баргузор мешавад.
Зимни гуфтушунид ба масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи саноату бахши кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
“Равобити Русия ва Тоҷикистон ба усулҳои шарикӣ ва иттифоқчигии стратегӣ асос ёфтааст. Рушди ҳамкории ҳамаҷонибаву мутақобилан судманд бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии Русия боқӣ мемонад.
Муколаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи баланд ва музокироти доимӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба нигаҳдориву рушди робитаҳои муфиди байниидоравӣ мусоидат мекунад”, - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд. Соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон гузашта, дар чаҳорчӯби ин мақом баргузории зиёда аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷониби Русия ба идомаи корҳои созанда бо шарикон аз Тоҷикистон ва расонидани кумаки зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои раёсат дар Созмон изҳори омодагӣ кард.
Қаблан Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар ҷаласаи 11 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Алмато аз Барномаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти таҳкими амният дар марзҳо дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2026-2030 дастгирӣ кард.
Ҷониби Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки давраи раёсати худро дар Созмон аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, рақамисозӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои фарҳангиро дар доираи ИДМ пешниҳод кард.
Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки рӯзҳои 4-5 июн дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуда, дар доираи он Созишномаи ҳамкорӣ дар рушди соҳаи мошинсозии вазнин имзо ва намоишгоҳи саноатӣ ташкил мешавад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои корӣ ва фарҳангӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар назар аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста