Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти Чин Лю Вэй имкони ҳамроҳшавии ҷумҳуриро ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистон баррасӣ кард.
Тавре ки дар сомонаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, вохӯрӣ дар чаҳорчӯби Машварати 12-уми вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ рӯзи 2 июл дар шаҳри Тянтзини Чин доир гардид.
“Дар мулоқот масъалаи мусоидати Чин ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ва ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистон ба пайвастшавии роҳҳои оҳани ин кишварҳо тариқи Туркманистон, Эрон ва Туркия бо шабакаи аврупоии роҳои оҳан дар доираи низоми нақлиётии Роҳи нави Абрешим нигаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2014 дар Душанбе дар бораи таҳияи лоиҳаи роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон созишномаи пешакӣ ба имзо расида буд.
Дар назар буд, ки хатсайри мазкури роҳи оҳан аз Қошғари Чин тариқи қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон то Ҳироти Афғонистон сохта мешавад. Дар идома пайваст кардани он ба роҳи оҳани Эрон пешбинӣ шудааст.
То ин дам ҳукумати Эрон дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани кумаки бебозгашт ба маблағи 1 млн доллар ҷиҳати арзёбии имкони сохтмони қисмати роҳи оҳани Эрон - Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин изҳори назар карда буд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Метро”-и Эрон дар ин бора санади дахлдор ба имзо расониа, он аз ҷониби палатаи поёни парлумони Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Интизорӣ мерафт, ки роҳи оҳан дар қаламрави Тоҷикистон (масофаи роҳи пешбинишуда 270 км) аз шаҳри Ваҳдат тариқи водии Қаротегин то сарҳад бо Қирғизистон (Қарамиқ) сохта мешавад. Аммо маблағгузорӣ ба арзёбии пешакии лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Эрон боздошта шуд. Аввалин ва ҳоло охирин маблағ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллар аз рӯйи ин лоиҳа соли 2013 ҷудо шуда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста