Дар нимаи аввали соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 70,8 миллиард сомонӣ, сатҳи таваррум 1,8% ва гардиши савдо беш аз 33 млрд сомониро ташкил додааст. Дар ин бара Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз, 6 август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, ҳаҷми ММД-и мамлакат дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020, 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои пешниҳодгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар моҳҳои январ-июни 5 соли охир ба ҳисоби миёна 8,1%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 1,9% бештар аст.
Завқӣ Завқизода гуфт, ҳаҷми иқтисоди миллӣ дар 6 моҳи соли 2025 асосан аз чунин ҳисоб таъмин гардид::
- истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 24%;
- маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 14,6%;
- хидматрасонии пулакӣ - 12,8%;
- кишоварзӣ - 9,7%;
- боркашонӣ - 9,3%;
- гардиши савдо - 9%;
- мусофиркашонӣ - 5,8%
Сатҳи таваррум дар ин давра 1,8%-ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ пасттар будааст. Ба гуфтаи Завқизода, таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа - 2,9% ва арзиши тарофаҳои хидматрасонӣ - 3,4% ташаккул ёфтааст.
Ба иттилои вазир, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ дар 6 моҳи аввали ҳамин сол 33 млрд 313 млн 700 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишндиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9% бештар будааст.
“Аз ин ҳисоб, 8,1%-и гардиши умумии савдоро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мотосиклҳо ташкил медиҳад” - илова кард ӯ.
Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар ин нимсолаи аввал имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% афзоиш ёфта, беш аз 4 млрд 731 млн долларро ташкил дод.
Дар ин давра ба маблағи умумии 13 млрд 508 млн 900 ҳазор сомонӣ хидматрасониҳои пулакӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда дар моҳҳои январ-июни соли гузашта 2,8% камтар буд. Аз ин маблағ, хидматрасониҳои пулакӣ ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ ё 70,7% ба аҳолӣ расонида шудааст.
Содирот коҳишу воридот афзоиш ёфтааст
Дар 6 моҳ ҳаҷми содирот нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 4,3% коҳиш ёфта, беш аз 955 млн доллар расидааст ва воридот 10,5 афзоиш ёфта, беш аз 3 млрд 775 млн долларро ташкил додааст.
Омили асосии кам шудани содиротро дар вазорат ба беш аз 297 млн доллар кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо рабт дод.
Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2025 асосан чунин маҳсулот содирот кардааст.:
- металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) - 30%;
- маъданҳо - 26,5%;
- алюминии аввалия ва маҳсулоти аз он - 13,8%;
- нахи пахта - 5,7%;
- қувваи барқ - 5,7%;
- маҳсулоти кишоварзӣ - 3,4%;
- мис ва маҳсулоти аз он омодашуда - 2,6%;
- либос - 2,2%;
- ангишт - 1%;
- семент - 1%
Дар ин давра ба Тоҷикистон асосан чунин маҳсулот ворид шудааст:
- маҳсулоти озуқаворӣ - 8,3%;
- маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард - 9,7%;
- воситаҳои нақлиёт - 13%;
- маҳсулоти нафтӣ - 11,7%;
- таҷҳизоти технологӣ - 7,9%;
- металлҳои сиёҳ - 7%;
- таҷҳизоти электрикӣ - 6,3%;
- чӯбу тахта ва маҳсулот аз он - 4,3%;
- гази моеъ - 3,2%;
- маҳсулоти полимерӣ - 3,1%
Тибқи гуфтаи Завқӣ Завқизода, Русия ҳамоно яке аз шарикони тиҷоратии асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ба иттило ӯ, дар 6 моҳи гузашта гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 111% афзоиш ёфта, ба 1 млрд 71 млн доллар расидааст.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста