Агентии байнулмилалии радабандӣ (рейтингӣ)-и Standard & Poor's Global рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи В/В бо “дурнамои устувор” тасдиқ кард. Дар ин бора шуъбаи матуботи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, таъсир расониданд”, - омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Ҳамчунин мусоидати таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ низ зикр мешавад.  

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар буда, ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.

Standard & Poor’s бо қароргоҳ дар Ню-Йорк яке аз панҷ агентии бонуфузи ҷаҳон оид ба радабандӣ маҳсуб меёбад. Ин созмон дар асоси созишномаи дуҷониба барои ба Тоҷикистон додани мақом дар радабандии мустақили қарзӣ машғул аст. Бар асоси созишнома, агентӣ вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи амнияти иқтисодии кишварро арзёбӣ мекунад. Маълумоти таҳлилии агентӣ ба мақоми додашуда дар радабандӣ, барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ истифода шуда, дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалиро барои ҷумҳурӣ боз мекунад.

Радабандии соҳибихтиёрии қарзӣ чист?

Ин “арзёбии эътимоднокӣ”-и кишвар ба сифати қарзгиранда аст. Агентиҳои байнулмилалӣ (Standard & Poor’s, Moody’s, Fitch ва дигар созмонҳо) омлҳои зеринро баҳогузорӣ мекунанд:

- иқтисод то чӣ андоза устувор кор мекунад;

- сарбории қарз чӣ гуна аст;

- давлат воситаҳои молиявиро чӣ гуна идора мекунад;

- оё хавфҳои буҳрон вуҷуд дорад.

Сатҳи В/В чӣ маъно дорад?

Ин радабандии миёна дар ҷадвали радабандии соҳибихтиёрии қарзии S&P буда, маънои онро дорад, ки кишвар метавонад қарзашро пардохт кунад, лекин хавфҳои назаррас вуҷуд доранд, бахусус агар буҳрон ба миён ояд ё иқтисоди заъиф шавад. Ин сатҳро бисёр вақт “ҷаллобӣ” (спекулятивӣ) ё “ғайрисармоягузорӣ” низ меноманд.

Ҷадвали соддашудаи радабандиҳои соҳибихтиёрии қарзии S&P

Маънои “дурнамои устувор” чист?

Ин маънои онро дорад, ки дар муддати 12-18 моҳ вазъият дар кишвар ба гумони ғолиб хеле сахт бад ё хуб намешавад. Яъне радабандӣ тақрибан ҳамин хел мемонад.

Агар боз соддатар гӯем, В/В бо “дурнамои устувор” ин як ҳушдор аст: “кишвар ба пардохти қарзҳои қодир буда, лекин заъфҳо (осебпазириҳо) ҳастанд. Алҳол хеле бадшавии вазъият дар назар нест, лекин он хоҳ-нохоҳ хатарнок аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.