Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт имрӯз мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, идома ёфт.
Дар ҷаласаи имрӯза ба худи айбдоршаванда сухан доданд. Ӯ изҳор намуд, ки дар ин амал нияте баде надошта, дидаву дониста ё барқасдона ҷиноят содир карданӣ набуд. Ҳамчунин Татяна қайд кард, ки Ватанаш (Тоҷикистон)-ро дӯст медорад ва ба раҳму шафқат ва некхоҳии суд умедвор аст.
Татяна Хужина дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддахои 32 (суиқасд ба ҷиноят) ва 289 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста шуда, эълони ҳукм нисбати ин парванда соати 17:00-и имрӯз дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта намояндаи прокуратура аз суд барои Татяна Хужина ҷазои 6 соли зиндонро дархост намуда, ин талаби худро бо он асоснок кард, ки ин гуна ҷазоро ӯ бо назардошти духтарчаи хурдсол доштани гумонбаршуда дархост кардааст.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.
Ҳамчунин мебояд гуфт, дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштаанд, ки намояндагони вазорат ин қазияро бодиққат пайгирӣ дошта, ба ӯ кумаки зарурӣ мерасонанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста