Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар вохӯрӣ бо журналистон Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дод, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба 10 парвандаи ҷиноӣ муҳри махфӣ гузошта шуд.
Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар бораи ахиран дар ҷумҳурӣ зиёд шудани тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бо муҳри махфӣ, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надошта, соли гузашта ҳамагӣ 10 парвандаи ҷиноӣ бо муҳри махфӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки мақомоти прокуратура уҳдадор нестанд, ки ба саволҳои марбут ба муҳри махфӣ гузоштан ба баъзе парвандаҳои ҷиноӣ посух бигӯянд, зеро «ин амал ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон сурат мегирад».
Ғайр аз ин, зимни ҷавоб ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» бобати мушкилии дастрас кардани маълумот дар бораи ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ва роҳбари яке аз раёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Аскар Нурализодаи ба 11 соли зиндон маҳкумшуда, прокурори генералӣ пешниҳод намуд, ки дар ин бора дархости хаттии идораи хабаргузорӣ фиристода шавад ва ӯ ба масъала равшанӣ меандозад.
Дар ҳамин ҳол, дар посух ба саволи журналистон дар мавриди боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, прокурори генералӣ зикр кард, ки ин маълумот махфӣ аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста