Ба гумони даст доштан дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд декани факултаи исломшиносӣ ва корманди маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон доир ба ин масъала тафтишот ҷараён дорад.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зикр карданд, ки декани факултаи улуми исломӣ Абдусамад Аҳёев ва роҳбари маркази тестии назди донишкада Наҷмиддин Самиев айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Маркази тестии назди донишкада соли 2015 барои баргузор намудани имтиҳонҳо тариқи онлайн ва дар реҷаи тетсӣ боз шуда буд. Ҳозир ба дари ҳуҷраҳои кории ин марказ муҳр зада шудааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, шахсони зикршуда аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар дониста мешаванд.
Мувофиқи маълумоти дарёфтӣ, моҳи январ онҳо бидуни баргузор кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), 22 нафар донишҷӯёнро ба донишкада қабул кардаанд: ин донишҷӯён мактуби ММТ-ро бо худ надоштаанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, барои иҷрои ин кор боздоштшудагон наздики 70 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.
Шурӯъ аз соли 2015 ташкил ва баргузор намудани имтиҳонҳои қабулшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ танҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Танҳо пас аз супурдани имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ довталабон ба мактабҳои олӣ тақсим карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста