Сулаймон Саидов, шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон, аз ҳукумати Русия ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон шикоят бурда, товон хостааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия гуфтаанд, дар расидагӣ ба парвандаи ӯ қонун риоя шудааст.
Сулаймон Саидов изҳор доштааст, дар ҳоле ки се сол пеш барои "тоҷик" ва "сарсиёҳ" будан мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз як чашм маҳрум шуд, додгоҳҳои Русия инро як "амали авбошӣ" донистаанд. Саидов бовар дорад, ки ҳамла ба ӯ дар заминаи адовати миллӣ сар задааст ва онро "авбошӣ" донистан дуруст нест.
Мақомоти Русия дар гузашта гуфтаанд, ки парвандаи Саидовро мӯшикофона таҳқиқ ва ҳамлаварро бо ҷурми талоши куштор беш аз даҳ сол зиндонӣ кардаанд.
Онҳо мегӯянд, Сергей Тсарев, шаҳрванди 61-солаи Русия дар ҳолати мастӣ бо таппончаи травматикӣ ба Сулаймон Саидов ҳамла кардааст ва “ин як амали авбошист”. Зинаҳои болоии додгоҳ дар Русия низ бегонаситезӣ будани қазияи Саидовро рад кардааст.
Ҳамла ба Сулаймон Саидов моҳи апрели соли 2016 рух дод. Ӯ рӯзи 15-уми май гуфт, парвандааш ноодилона таҳқиқу баррасӣ шуд ва ҳатто 360 ҳазор рублеро, ки дар моҳҳои аввал дар бемористон харҷ кард, ҳанӯз напардохтаанд.
"Сад дар сад бегонаситезӣ буд. Ин мардро намешинохтем ва ӯ ҳам моро намешинохт. Дар миёни даҳҳо рус фақат ба ману ҷиянам ҳамла кард", -- афзуд ӯ.
Аризаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо ёрии Кумитаи "Гражданское содействие" (Мусоидати шаҳрвандӣ) дар Русия навишта шудааст. Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳамлагар замони ҳуҷум Сулаймон Саидов ва ҷиянашро бо ибораҳои "сарсиёҳ" таҳқир карда ва гуфтааст, "ин қатор барои русҳо аст".
Сулаймон Саидов гуфтааст, то замони ҳамла дар Русия кор мекард ва рӯзии худу ҳамсар ва чаҳор фарзандашро меёфт. "Пас аз ин ҳодиса корам фақат табобат аст. Ҳанӯз сар ва чашмам месӯзад ва пайваста зери назари пизишконам. Дигар мисли пеш кор карда наметавонам. Аз ин рӯ, бо муроҷиат ба Додгоҳи аврупоӣ мехоҳам пеш аз ҳама ҷуброни зарари расида ба саломатиамро ба даст орам", - гуфтааст ӯ.
Гуфта мешавад, чаҳор моҳ пеш Сулаймон аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар ватан қарор дорад.
Светлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие”, рӯзи 15-уми май иброз доштааст, ки ба он хотир ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат карданд, ки ҳукумати Русия (дар симои кормандони пулис) замони ҳамла ба муҳоҷири тоҷик "беамалӣ нишон додааст".
Зикр мегардад, ки ҳамла ба Сулаймон Саидов се сол пеш баҳсҳои бегонаситезӣ дар Русияро доман зад. Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо кунад ва ҷазои сазовор диҳад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста