Бо гумони дуздии 6 сар гов дар ҷануби кишвар 3 нафар дастгир шуданд.
Тибқи иттилоии ВКД, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи ноҳияи Данғара аз гум шудани 2 сар чорвояш ба ШВКД-и ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кардааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокинони ноҳияҳои Данғара ва Ҷайҳун – мардони 20, 22 ва 28-соларо боздошт карданд.
Инчунин гумонбарони мазкур шаби 13 ба 14-уми феврал аз оғили ҳавлии истиқоматии марди 69-солаи сокини ҳамин ҷамоат 4 сар чорвои калони шохдорро дуздиданд, ки арзиши онҳо ба 4 ҳазору 800 сомонӣ баробар аст.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Дуздии чорво дар Тоҷикистон зуҳуроти нав нест. Кормандони милитсия аввали соли ҷорӣ дар шимоли кишвар низ 2 нафарро бо гумони дуздии чорво дастгир карда буданд. Гумонбарон молҳоро бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд. Арзиши эҳтимолии чорвои рабудаи онҳо қариб 40 ҳазор сомонӣ будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста