Як сокини ноҳияи Деваштич, ки ба куштори ҳамсар ва хушдоманаш (модари занаш) гумонбар буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ҳодиса моҳи марти соли гузашта рух дода, гумонбар низ он замон боздошт шуда буд.
Дар ин бора Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дода гуфт, ки ҳукм чанде пеш содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст.
Манбаъ аз ин мард Мақсудҷон Ҳасанов ном бурд, ки баъди 11 соли ҳамзисти бо марҳум Мастона Бобоева “аз сабаби нофаҳмӣ” аз ҳам ҷудо шуда буданд. Аз зиндагии якҷоя онҳо 4 фарзанд доштаанд.
“Куштор дар заминаи муноқиша миёни зану шавҳар рух додааст. Вақте Мақсудҷон Ҳасанови 37 сола барои анҷом додани корҳои саҳроӣ ба саҳро меравад дар роҳ ҳамсари собиқаш Мастона Бобоева дида, бо ӯ муноқиша мекунад... Дар натиҷа Мақсудов бо табаре, ки дар даст дошт, ҳамсар ва хушдоманашро ба қатл мерасонад”, - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.
Дар ин қазия назари маҳкумшуда Мақсудҷон Ҳасанов ва вакили дифои ӯ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки куштори ҳамсар аз дасти шавҳар дар Тоҷикистон ҳаводиси нав нест. Танҳо дар моҳи март ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале назари гумонзадҳо дар ин ҳодисаҳо барои расонаҳо дастрас нест.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ҳодисаҳои куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.
Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон афзудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста