Соли гузашта додгоҳҳои кишвар аз рӯи ҳама парвандаҳо, аз ҷумла ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда, боҷи давлатӣ беш аз 125,6 миллион сомонӣ рӯёнида, ба буҷети давлат ворид кардаанд.
Тибқи омори ин Додгоҳи олӣ, соли 2024 ин ниҳод дар маҷмӯъ, 169 ҳазору 614 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷроро баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2023-юм додгоҳҳо 137 ҳазору 950 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмуриро баррасӣ карда буданд.
Вале дар омори нави Додгоҳи олӣ парвандаҳо ба таври алоҳида зикр нашудааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки аз рӯи ин парвандаҳо чанд нафарро ҷазо додаанд, аз ҷумла, зиндонӣ кардаанд.
Мақомот танҳо гуфтаанд, ки барои риоя накардани қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 1 ҳазору 435 парвандаи маъмуриро баррасӣ карда 1 ҳазору 409 нафарро ҷарима кардаанд. Мақомот аз ин афрод дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ҷарима ситонидаанд.

Соли 2023-юм барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим беш аз 800 нафарро ба маблағи зиёда аз 4,6 миллион сомонӣ ҷарима баста буданд.
Инчунин, дар соли 2024-ум барои вайрон кардани қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 27 ҳазору 782 парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд. Дар натиҷа ба 4 ҳазору 135 нафар огоҳӣ дода шуда, 23 ҳазору 670 кас ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.
Соли 2023-юм бошад барои вайрон крадани ин қонун нисбати беш аз 8 ҳазору 700 нафар зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда буданд.
Омори соли 2024-ум нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2023-юм шумораи парвандаҳои маъмурӣ ва ҳаҷми ҷарима дар Тоҷикистон ба маротиб афзудааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъолият мекунанд, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд. Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.
Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Охири соли гузашта дар як мулоқоти хосааш бо додрасҳои тоҷик аз кори онҳо сахт интиқод кард ва гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста