Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки тамоми кишварҳои бузурге, ки гирду атрофи Афғонистон қарор доранд, барои роҳандозии робитаҳо бо толибон талош меварзанд. Дар сафи чунин кишварҳо ӯ Чин, Русия, Покистон ва ҳатто Эронро номбар кард.

«Аз соли 2010 тамоми кишварҳои бузурги минтақа воқеъан бо толибон сарукор доранд. Дар Қатар бо онҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, чиниҳо бо онҳо якчанд маротиба дар Урумчи вохӯрданд», - иброз дошт ӯ.

Ба ақидаи Холиқназар, танҳо баъди афзудани шумори бахшҳои Давлати исломӣ (ДИ) дар Афғонистон, Русия бо онҳо ба бозӣ шурӯъ кард.

«Баъди аз Ироқ барои дастгирии бахшҳои Давлати исломӣ дар Афғонистон фиристодани 70 млн. доллар, шумори бахшҳои он натанҳо дар ҷануби ин кишвар афзуд, балки онҳо дар шимоли Афғонистон низ пайдо шуданд. Намояндаи махсуси Русия дар Афғонистон Замир Кобулов изҳор кард, ки Русия бо толибон робита дорад ва ин робитаҳо барои муқовимат бо Давлати исломӣ истифода мешаванд», - қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ахиран Замир Кобулов дар ин робита изҳор дошта буд, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки "мо дар баробарашон дар Сурия даргирӣ ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад". Вай гуфта буд, ки Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд.