Ҳамасола санаи 16 январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи ҷаҳонии озодии динӣ (Religious Freedom Day) ҷашн гирифта мешавад. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард доир ба ин ормони арзишдори кишвараш чанде аз андешаҳои худро баён кардааст.

«Озодии динӣ яке аз ормонҳои арзишдори Амрико ва меъёри марказии демократияи мо мебошад», - қайд кардааст сафир дар мақолааш.

Ӯ зикр мекунад, ки дар ИМА эҳтироми бисёрсола нисбати озодии виҷдон вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, Миллард таъкид месозад, ки дар ҷомеаҳои бисёр пайравӣ кардани ин ормон ба осонӣ намеояд.

«Тахминан дар 24% давлати ҷаҳон, ки дар он 74% аҳолии замин зиндагӣ дорад, маҳдудиятҳои назаррас дар масоили озодии динӣ вуҷуд дорад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар сурати риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳукумат, аз он ҷумла озодии динӣ, роҳ барои тундгароишавии шаҳрвандон кушода мешавад ва дар натиҷа баъзе табақаҳои аҳолӣ барои паёмҳои экстремистӣ ва васвасаи ҳамроҳ шудан ба созмонҳои экстремистии хушунатомез осебпазир мешаванд», - қайд кардааст дипломати амрикоӣ.

Ба навиштаи ӯ, барои ҳифз аз чунин ифротгароӣ ва татбиқи пайравӣ аз гуногуншаклии динӣ Иёлоти Муттаҳидаи фаъолона талош дорад, то ҳифзи озодии диниро ба дипломатияи кишвараш ворид кунад.

«Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад», - таъкид доштааст Миллард.

Дипломат изҳор мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи омода аст бо дӯстону шарикони худ ҷиҳати дастгирии плюрализму гуногуншаклии динӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

«Мо боварӣ дорем, ки озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад», - илова кардааст сафири ИМА.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли гузашта Департаменти давлатии ИМА бори нахуст Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо озодиҳои динии шаҳрвандон поймол мешаванд. Дар ин рӯйхат ҳамчунин Мянма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Турманистон ва Ӯзбекистон низ дарҷ ёфта буданд.