Шартнома байни Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ имрӯз 2 ноябр аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Душанбе ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, Туркманистон чорумин кишварест, ки Тоҷикистон бо он Шартномаи шарикии стратегӣ дорад. Қаблан бо Русияву Чин ва Қазоқистон низ чунин шартномаҳо ба имзо расида буданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии ҷонибҳо, ки дар доираи сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, дар маҷмӯъ миёни кишварҳо дар самтҳои гуногун 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот, оид ба ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 -2020 ва ғайра созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.
Ғайр аз ин, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов”- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон протокол ба имзо расид.
Раисони пойтахтҳои кишварҳо Рустами Эмомалӣ ва Шомуҳаммад Дурдалиев дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод Созишнома ба имзо расониданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста