Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) номзадии Владимир Норовро ҷиҳати тасдиқ ба вазифаи дабири кулли нави Созмон дар нишасти моҳи июн пешниҳод намуд.
Владимир Норов айни замон ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Ӯзбекистон ифои вазифа мекунад.
Бино ба маълумоти сомонаи Котиботи СҲШ, Дабири нави кулли Созмон дар давраи аз 1 январи соли 2019 то 31 декабри соли 2021 сари ин мансаб кор мекунад. Аз 1 январи соли 2016 то охири соли 2016 ин вазифа бар дӯши Рашид Олимов, намояндаи Тоҷикистон вогузор шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар доираи омодагӣ ба нишасти Созмон дар Синдао (Чин) вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба рушди фаъолияти СҲШ дар шароити нав баъди қабули Ҳиндустону Покистон баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста