Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мегардад, рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, ба ҷуз пешбарии номзад, дар анҷуман инчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб баррасӣ мешавад.
“Нахуст ният доштем, ки ҳудуди 250 нафар вакилонро ба иштирок дар кори анҷуман даъват кунем, лекин вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус маҷбур кард, ки шумори онҳоро як баробар кам кунем”, - изҳор дошт Латифзода.
Ҳизби аграрии Тоҷикитсон соли 2005 таъсис дода шуда, дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони кишвар соҳиби 7 курсии вакилӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол аҳзоби зерин санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - рӯзи 3 сентябр, Ҳизби коммунист - 5 сентябр ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 24 август номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр таъин шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста