Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯри таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амният ва мудофиа тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро дар ин раванд ба суди ду кишвар маънидод карданд.
“Ҷонибҳо аз равандҳои ташвишовари замони муосир ёдовар шуда, ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид намуданд”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунид ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.
Активный отдых в Узбекистане: какие есть возможности для спортивного туризма в этой стране?
В Казахстане сегодня проходит референдум по строительству АЭС
«Операция скутер»: какие правила есть для владельцев скутеров в Таджикистане?
В Таджикистане будут изготавливать активно-тяговые протезы. Их можно будет получить, в том числе, бесплатно
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 октября 2024 года
Моя соседка бьет ребенка. Что я могу сделать?
Традиционная китайская свадьба: как она на самом деле проходит?
Правила жизни Эмомали Рахмона
Премьер-министр Таджикистана заявил о нарушении прав и свобод таджикистанцев в России
Адама Кадырова включили в Книгу рекордов России
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста