Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 12 апрел зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск (Беларус) изҳор дошт, ки “ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд". Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.
“Дар натиҷаи як маъракаи иттилоотии нодуруст нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ташаккул меёбад, ки ба ин роҳ додан лозим нест”, - гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Сироҷиддин Муҳриддин илова намуд, ки “дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад нест”.
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.
"Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, - таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯро Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола бо чолишҳои бесобиқаи амниятӣ рӯбарӯ аст.
Ба ақидаи ӯ, зарурати бетаъхир баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ фаро расидааст.
“Ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, натанҳо ба фазои ИДМ таъсир мерасонанд, балки метавонанд ба тағйири тавозуни геополитикии қудратҳо дар тамоми қитъаи Авруосиё боис шаванд”, - таъкид дошт ӯ.
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
МВД России начинает лишать российского гражданства за непринятие присяги
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста