Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам робита бо Толибонро* амри зарурӣ донист. Ба ӯ чанд ниҳоди расмии давлаташ пешниҳод кардаанд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар Русия хориҷ кунад. Ин барои эътирофи ҳукумати Толибон роҳ боз мекунад.
Ба навиштаи хабаргузории “Известия” Владимир Путин дирӯз, 28-уми май, вақте дар шаҳри Тошканд бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки барқарории равобит бо Толибон зарур аст.
Путин гуфтааст, дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва инкори он ғайриимкон аст, аммо воқеият ин аст, ки айни замон идораи Афғонистон дар дасти Толибон мебошад.
“Бояд бо таваҷҷӯҳ бо ин воқеият амал кард ва равобити худро муносиб бо он танзим кард. Ин ки чӣ гуна бо онҳо робита барқарор кард, пурсиши дигаре аст, аммо ба наҳве бо онҳо бояд робита дошта бошем”, - гуфтааст Владимир Путин.
Путин зикр кардааст, ки дар ин самт “Русия бо бисёре аз шарикони худ, аз ҷумла бо шариконаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар тамос аст".
“Мо ақида ва назарҳои ҳар як шарик ва дӯстони худро ба назар гирифта, дар иртибот бо ин мавзӯъ ҳамонҳангӣ хоҳем кард”, - таъкид кардааст Путин.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомдорони сатҳи болои Русия дар бороа зарурати ҳамкорӣ бо Толибон сухан мекунанд ва аз ин гуруҳ чун зимомдорони воқеии Афғонистон тавсиф менамоянд.
Қаблан Дмитрий Медведев, собиқ раиси ҷумҳур ва сарвазир ва муовини кунунии раиси Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки “сиёсати замон тағйир кардааст ва барқарории робита бо “Толибон” наздик аст”.
“Ҳоло Толибон дубора сари қудратанд ва мо наздик ҳастем, ки бо онҳо равобити ҳамаҷониба барқарор кунем”, - гуфта буд Медведев.
Ду рӯз пештар Замир Кабулов, намояндаи президенти Русия дар масоили Афғонистон аз эҳтимоли қавии ихроҷи номи Толибон аз феҳристи созмонҳои дар ин кишвар мамнуъ хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ин маротиба ду ниҳоди давлатии Русия - Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ бардошта шавад.
Ба қавли ин дипломати рус, эътирофи ҳукумати Толибон нисбат ба рӯзҳои аввали ба қудрати Афғонистон расидани ин гурӯҳ наздиктар шудаааст, аммо бо ин ҳам “баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд”. Мушаххасан кадом масоил бояд ҳал шаванд, зикр нагардидааст.
Замир Кабулов қаблан таъкид карда буд, ки “Толибон айни ҳол душмани Русия нестанд”.
Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад? Лағви номи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ чӣ паёмад дорад ва то кадом андоза ба амнияти минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт? Ба ин саволи “Asia-Plus” чанде пеш коршиносон дар посух дода буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
В Таджикабаде начались подготовительные работы к строительству новых домов для пострадавших от землетрясения
Мистические легенды Памира: «сафед-гиник», алмасти и целебные источники
Зачем в Душанбе убрали остановку у бывшего здания ТВ «Сафина»?
«Со мной все в порядке». Рустам Ятимов прокомментировал полученную в ходе матча травму головы
Павел Дуров: «Telegram ни разу не раскрыл ни единого байта личных сообщений»
В Таджикистане стартовали Дни франкофонии - 2025
«Сказание о Сиёвуше» и «Возвращение». Кто и что показал в последние два дня «Парасту-2025»?
«Сказал: не бейте женщин, я подпишу, что скажете». Родственники обвиненного в убийстве семьи в Канибадаме требуют пересмотреть дело
Первый таджикский тренер прошел обучение в Международной Академии дзюдо
В Казахстане ужесточат правила проведения забегов после гибели участников полумарафона в Алматы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста