Дар Душанбе рӯзи 15 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳисоботи муовини раиси пойтхт дар бораи рушди соҳаи саноат шунида шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ сухан рафт.
“Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусигардонидашуда ва аз фаъолият бозмонда инчунин пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо роҳи таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии банақшагирифташуда тадбирҳои заруриро ба роҳ монанд”, - омадааст дар маълумот.
Раиси пойтаът таъкид дошт, ки бобати вусъати корҳои сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст намудани бинову иншоот бо хаттҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз афзоиши ҳодисаҳои даст ба қонуншиканӣ задани ноболиғон ва ҷавонон ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон нигаронӣ изҳор намуда, ба сохторҳои марбута ва шахсони масъул дастур дод, ки ин масъалаҳоро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо дар ин самтҳо тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор гиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста