Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро барои беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” (Писандидани матлаб ё шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. - Аз идора) дар Интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” интиқод карда, гуфт, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 29-уми октябр, дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии кишвар таъкид кард.

Номбурда зикр кард, ки дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд.

“Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст. Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Нигаронии роҳбари давлат дар ҳолест, ки дар гузашта чандин нафар барои ирсол, гузоштани “лайк” ё шарҳ дар Интернет ва шабкаҳои иҷтимоӣ бо гумони ҷонибдорӣ аз он матлаб ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуда буданд.

Аз ҷумла, 15-уми августи соли равон Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Аминов, сокини 46-солаи ин шаҳрро барои “дар зери наворҳои динӣ, аз ҷумла мавъизаҳои шайхҳои арабтабор, ки бештар ба забони русӣ буданд, “лайк” гузоштаан” 5 сол равонаи зиндон кард.

 

Акс аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур

 

Интиқод аз фаъолияти “суст”-и намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ҳамчунин, аз фаъолияти ба гуфтааш, “сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон” дар қаламрави Русия танқид карда гуфтааст, ки “гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия, ки онҷо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири корӣ кор мекунанд, дар ҳолест, ки баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”, ки ҳамчун гумонбари асосӣ 4 шаҳрванди Тоҷиукистон боздошт шуданд, фишору таъқиб болои муҳоҷирони кории тоҷик якбора афзуд. Вале муҳоҷирон ҳамвора шикоят мекунанд, ки намояндагии расмии кишвар дар Русия ба онҳо кӯмак намекунад.

Зимнан, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо рӯзноманигорон низ ҳамкориии зич надорад ва дар сурати зарурӣ ба онҳо маълумот дастрас намекунад.

 

Нигаронӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба кишвар

Президенти кишвар инчунин, аз хатари қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор нигаронӣ карда, маълумот дод, ки воридшавии он “нисбат ба соли гузашта зиёд гардида истодааст ва вазъият дар ин самт ташвишовар боқӣ мемонад”.

“То ҳол дар ҷойҳои дилхушӣ ва ҷамъиятӣ фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ ҷой дорад ва шумораи нашъамандон ҳанӯз зиёд мебошад”, - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти дахлдор талаб кардааст, ки фаъолияти худро вобаста ба пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор “куллан тағйир диҳанд”.

 

Барӯйхатгирии 1500 фолбину ҷодугар ва беш аз 5000 муллои “чаласавод”

Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, баъди мулоқот ва таъкидҳояш бо ходимони дин дар моҳи март, мақомот 1 ҳазору 500 шахсе, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд ва зиёда аз 5 ҳазор муллои чаласаводро барои хурофотпарастӣ дастгир карда, дар қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд.

Баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин дар моҳи марти соли равон “шикор”-и фолбинҳо дар кишвар якбора афзоиш ёфт. Ҳамчунин, ҷазо барои фолбиниву ҷодугарӣ пурзур карда шуд. Акнун ҳам онҳое, ки ба фолбиниву сеҳру ҷоду ва ҳам нафароне, ки назди онҳо мераванд аз ҷониби мақомот рӯйхат карда мешаванд.

 

“Дар тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон то ҳол камбудиҳо ҷой дорад”

Эмомалӣ Раҳмон аз тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб нигаронӣ карда гуфтааст, ки “гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд”.

Президенти кишвар дар суханронии худ дар “Рӯзи дониш” ба дарс ҳозир нашудани хонандагон ва омӯзгоронро ба чолиш кашид ва онро яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳаи маориф гуфта буд.

Тибқи иттилоъи раиси ҷумҳур, ҳангоми гузаронидани як санҷиш дар санаи 7-уми майи солӣ ҷорӣ дар 3 ҳазору 600 мактаб маълум гардидаст, ки 88 ҳазор хонанда бесабаб ба дарсҳо ҳозир нашудаанд.

Вай гуфт, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳастанд хонандаҳое, ки моҳҳо ба дарс ҳозир намешаванд.

“Дар Дубай аст, ё дар дигар давлатҳо тамошо карда гаштааст. Бачаи соҳибкор аст, бачаи мансабдор аст, фарзанди касе аст, дар журнал номаш рафта истодааст”, - бо нигаронӣ изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.