Дар натиҷаи амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омадааст.
«Қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд», - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, зиёда аз 17 кило маводи сахтаъсири героин, 11 кило маводи мухадири навъи ҳашиш ва 10 кило афъюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон тафтишот идома дорад.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста