Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) нарх муқаррар намояд. Айни замон муштариён симкортҳоро бо нархи ночиз ҳамроҳ бо бастаи хизматгузориҳои ин ё он ширкат харидорӣ мекунанд.
Дар Хадамоти алоқа изҳор намуданд, ки дар бораи ҷорӣ шудани чунин маблағи пардохти симкорт алҳол санади расмӣ таҳия нашуда, аммо ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, “то ки масъулияти доштани рақам нисбатан зиёдтар шавад”.
“Бархе аз муштариён тез-тез рақамҳояшонро иваз мекунанд, арзиши баланд инро пешгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дигар камтар ба дасти шахсони тасодуфӣ меафтанд. Агар дар пойгоҳи маълумоти ВКД рақами мушаххас сабт шавад, пас танҳо соҳиби симкорт ба он масъул хоҳад буд”, - гуфт манбаъ.
Дар Хадамот ҳамчунин бар ин назаранд, ки тағйир ёфтани нархи симкортҳо фурӯши дубораи онҳоро низ боздошта, ҳамчунин бори дигар бақайдгирии симкорт ба номи соҳиби наваш низ 250 сомонӣ арзиш дорад.
Маълумот дар бораи ин навгониро ба “Азия-Плюс” дар ду ширкати мобилӣ тасдиқ намуда, лекин изҳор доштанд, ки алҳол дар ин хусус санади расмӣ ба онҳо нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қарори қаблан қабулшудаи ҳукумат, ба як муштарӣ харидории ду симкорт ва ҳамчунин яктогӣ барои ҳар кадоме аз фарзанди ноболиғ дар оила иҷоза дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ - Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста