Ҳусейн Абдусамадов иқрор шуд, ки ба гурӯҳи гумонбари ҳамла ба сайёҳон дар Данғара роҳбарӣ намуда, аз ҷузъиёти ҳодиса ва даст доштани Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар ин амали террористӣ дар барномаи “Гирдоб” баёнот дод. Барномаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон таҳия ва шоми рӯзи 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизион пахш шуд.
Дар барномаи телевизионӣ Абдусамадов иттилоъ дод, ки дастури ҳамла ба сайёҳонро аз узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир (Носирхӯҷа Убайдов) гирифтааст.
“Аз соли 2003 то соли 2007 дар нази Қорӣ Носир таълими динӣ гирифтам, ӯ дар хонаи иҷора дар маҳаллаи 33-юми Душанбе дарс мегузаронид”, - изҳор дошт Абдусамадов дар бораи оғози шинос шуданаш бо Қорӣ Носир.
Дар идома ӯ зикр кард, ки бо кумаки Қорӣ Носир дар Эрон таҳсил намуда, таҳти роҳбарии ӯ бо Аслиддин Юсупов ва дигар ҷавонон дар Маскав кор мекардаанд. Ӯ ҳамчунин дар бораи ба дуздиву ғоратгарӣ машғул шуданашон барои пур кардани буҷети ҲНИ ва иштирокаш дар даргириҳои Сурия нақл кард.
“Моҳи июн Қорӣ Носир ба ман занг зада, изҳор намуд, ки мо бояд дар Тоҷикистон амали террористии сатҳи ҷаҳонӣ содир кунем. Ӯ гуфт, ки раҳбарияти ҲНИ мехоҳанд дар Тоҷикистон вазъро ноором кунанд. Ба мо супориш доданд, ки ба сайёҳон ҳамла кунем ва 100 рубл пардохт намуданд”, - гуфт дар барномаи телевизионӣ Абдусамадов.
Дар робита ба навори видео бо парчами Давлати исломӣ дар Норак ӯ қайд кард, ки инро барои пинҳон кардани даст доштани ҲНИ наворбардорӣ кардаанд.
“Пеш аз ҳамла мо навори видео бо парчами Давлати исломӣ таҳия кардем, то ки ҳама бовар кунанд, ки ин Давлати исломӣ аст. Ин барои пинҳон кардани даст доштани раҳбарияти ҲНИ дар ин кор анҷом дода шуд”, - изҳор дошт Абдусамадов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл дар қаламрави ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо - ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд.
Дар ҷараёни амадлиёти махсус чор нафар гумонбарон дар содир намудани ҳамла кушта шуданд. Ин ҷиноятро сокинони ноҳияи Панҷ – Ҳусейн Абдусамадов, Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров ва сокинони шаҳри Норак бародарон Юсуфовҳо содир карданд. Рӯзи 31 июл ВКД Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки даст доштани аъзои ҲНИ ба ин ҳамла изҳор шуд. Худи ҳамон рӯз масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифта, навори видео нашр кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста