Дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара охири ҳафтаи гузашта ба хотири гиромидошти хотираи сайёҳони хориҷии велосипедрони фавтида дар ин масир лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда, ҳамин рӯз ба ин муносибат веломарафон доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ширкати “Рахш-такси” ташкил карда шуд.
Веломарафон аз дарвозаҳои шарқии Душанбе (9 километр) оғоз гардида, тариқи варзишгоҳи марказии шахри Ваҳдат, чорроҳаи шаҳри Норак, нақби дуюм то макони фавти сайёҳон сурат гирифт.
Дар веломарафон ба масофаи 87 километр наздики 50 нафар велосипедронони суннусол ва сатҳи омодагии гуногун ширкат варзиданд. Дар тамоми масофаи роҳ велосипедрононро кормандони БДА, Ёрии таъҷилии тиббӣ ва автомашинаҳои кумаки техникӣ ҳамроҳӣ карданд.
Қатори автомашинаҳои “Рахш-такси” бо парчамҳои давлатӣ ва парчами корхона (ҳамагӣ беш аз 25 автомашина) ба ҷойи ифтитоҳи ҳайкал ҳозир шуданд. Замони баргузории чорабинӣ ҳаракати нақлиёт аз ҳарду самт баста шуд. Дақиқаи хомӯшии эълонкарда аз ҷониби директори корхонаи “Рахш-такси” Артём Катаев бо хомӯшии тамом сипарӣ шуд.
- Дар веломарафон намояндагони давлатҳои хориҷӣ низ ширкат варзида, нисбати давлату мардуми мо бо ҳисси эҳтиром сухан гуфтанд. Ин барои мо хеле муҳим аст. Амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳо рух дода, акнун мо ҳам ба он дучор шудем. Лекин дарҳои Тоҷикистон чун пешина барои ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба кишвари мо ташриф оварданианд, ҳамеша боз аст, - гуфт Артём Катаев.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста