Мансабдорони маҳаллии экология мегӯянд, мо ҳавои тоза дорем, аммо нишондодҳо баръакси он аст. Биёед бифаҳмем, ки дурӯғи онҳо чист ва зиндагиву нафаскашӣ дар Тоҷикистон то чӣ андоза хатарнок аст.
Душанбе - пешсаф аз лиҳози ифлосшавии атмосфера
Аз рӯи нишондиҳандаҳои умумии партоби моддаҳои зарарнок ба атмосфера шаҳри Душанбе дар саросари кишвар мақоми аввалро ишғол мекунад. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар соли 2019 ҳаҷми умумии партобҳо дар пойтахт аз ним миллион тонна гузашт. Аз он саҳми назаррасаш ба манбаъҳои сайёр, асосан нақлиёти автомобилӣ рост омад.
Тибқи омори расмӣ, дар соли 2020 ҳудуди 19 ҳазор тонна ё 30,5%-и ҳаҷми умумии партовҳо дар Тоҷикистон аз манобеи доимӣ (статсионарӣ) ба пойтахт рост омад. Миқдори моддаҳои партовшудаи ифлоскунанда мунтазам меафзояд. Ин ҳам ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмони бузургмиқёс, афзудани шумораи нақлиёт ва ҳам ба сатҳи нокофии таъмини корхонаҳо бо техникаи фурӯкаши чангу газ ва дигар таҷҳизоти муосир вобаста аст.
Коршиносон таваҷҷуҳи зиёдро ба он ҷалб мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми партовҳои зараровар ба атмосфераи Душанбе замони ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2 рост меояд. Дар вақти кор марказ ҳамарӯза то 6 ҳазор тонна ангишт сарф мекунад. Имрӯз МБГ “Душанбе-2” бузургтарин манбаи доимии ифлоскунандаи ҳавои шаҳр маҳсуб меёбад, ки беш аз 76% ҳаҷми партовҳои умумӣ (маълумоти соли 2018)-ро ташкил медиҳад.
Байни дигар манбаъҳои асосии доимии ифлосшавии ҳаво аз корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе, ки фаъолияти он кайҳо боз зери танқид карор гирифтааст ва МБГ-1 метавон ном бурд. Дар соли 2018 онҳо мутаносибан 14% ва 5% аз ҳаҷми умумии партовҳоро (манбаъҳои доимӣ) ташкил доданд.
Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар бар асари таъсири ҳавои ифлосшуда бармаҳал мефавтанд, ки ҳудуди 5 миллион нафари онҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошанд.
Ҳаво ифлос, аммо тибқи меъёр?!
Кумитаи ҳифзи муҳити зист эътироф мекунад, ки баъзан ҳавои Душанбе бештар зиёд ифлос мешавад, аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи намояндагони Кумита, "ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад".
Зиёдшавии муваққатии консентратсияи ниҳоии иҷозашуда (КНИ)-и моддаҳои ифлоскунанда дар атмосфера, ба гуфтаи масъулон, ҳам ба таъсири партовҳо ва ҳам омилҳои метеорологӣ, аз қабили гардиши сусти ҳаво, боришоти кам, тӯфони ғубор ва инверсияи атмосфера вобаста аст.
Муаззама Бурҳонова, мутахассиси арзёбии таъсир ба муҳити зист ва роҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази Дастгирӣ» мегӯяд: “Ҳамин тавр ҳам мешавад, ки ҳатто ҳангоми партовҳои хурд моддаҳои зараровар метавонанд дар ҳаво то консентратсияи баланд ҷамъ шаванд”.
Дар навбати худ коршинос Баҳром Мамадалиев, ки солҳои 2001-2011 сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе буд, чунин зикр кард: «Консентратсияи миёнаи солонаи чанг 1,5-3 воҳиди консентратсияи ҳадди ниҳоии иҷозашударо ташкил медиҳад. Оксиди карбон, дуоксиди азот, формальдегид низ аксар вақт аз КНИ зиёдтар аст".
Коршиносон бар ин назаранд, ки ифлосшавии ҳавои Душанбе дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлат зиёдтар хоҳад шуд.
Тадбирҳое, ки мақомот барои мубориза зидди ифлосшавии ҳаво рӯи даст мегиранд, кифоя нестанд.
Моддаҳои зарраҳои нозук ва дуоксиди азот ифлоскунандаҳои асосии ташвишоваранд ва вақте дар бораи сифати ҳавои шаҳр сухан меравад, ҳарду ба саломатӣ таъсири ҷиддии манфӣ доранд.
Онҳо дар бадан ҷамъ шуда, ба бемориҳои ҷиддии роҳи нафас, дилу раг ва дигар бемориҳо боис мегарданд.
Хароҷоти тахминии иқтисодии ҳаррӯзаи ифлосшавии ҳаво тақрибан 8 миллиард доллар ё 3-4% маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Рейтингҳои бади “ҳавоӣ”-и Душанбе
Дар соли 2016 ширкати консалтингии бритониёии Mercer Душанберо дар раддабандии умумии пажӯҳиши солонаи сифати зиндагӣ миёни 223 шаҳр дар мақоми 215-ум қарор дод. Дар радабандӣ меъёрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва экологӣ, аз ҷумла нишондиҳандаи ҳолати ҳаво истифода шуд.
Пойтахти Тоҷикистон ба сафи 20 шаҳри бадтарин дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ворид шуд.
Дар соли 2019 Душанбе дар байни 231 шаҳре, ки ба рейтинги Mercer шомил шудаанд, дар ҷои 209-ум қарор гирифт.
Дар гузориши “Сифати ҳаво дар ҷаҳон” дар соли 2020, ки аз ҷониби IQAir, як ширкати технологии швейтсарӣ таҳия шудааст, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳо дар ҷои 16-ум ва Душанбе дар феҳристи пойтахтҳои олудагии ҳаво дар мақоми 16-ум қарор гирифтаанд.
Миқдори миёнаи солонаи консентратсияи PM2,5 дар ҷумҳурӣ ва шаҳр 30,9 мкг/м3-ро ташкил дод, ки ин аз сатҳи бехатарии он вақт тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 3 маротиба зиёд буд.
Манбаи маълумот барои Душанбе як пойгоҳ (стансия)-и назорати ҳаво дар сафорати ИМА буд.
Дар оғози соли 2022 масъалаи сифати ҳаво дар Душанбе дар муддати кӯтоҳ боз ба яке аз доғтарин мавзӯъҳо табдил ёфт. Сабаби таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба ифлосшавии ҳаво интишори гузориши “Сифати ҳаво дар ҷаҳон” барои соли 2021 буд, ки дар он Тоҷикистон аз ҷиҳати ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон бо мизони миёнаи солона 59,4 мкг/м3 дар ҷои 4-ум қарор дошт.
Гузориши охирин бар асоси маълумоти сифати ҳаво аз 6475 шаҳри 117 кишвари ҷаҳон таҳия шудааст. Маълумот аз даҳҳо ҳазор стансияҳои назорати ҳаво пешнищод шуданд, ки дар ихтиёри муассисаҳои давлатӣ ва пажӯҳишгоҳҳо, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои хусусӣ ва ҳатто дӯстдорони ин кор қарор доштанд.
Тибқи маълумоти платформаи World’s Air Pollution, дар соли 2022 дар Душанбе ҳамагӣ 4 рӯз ҳавои софу беғубор ва хуб ба мушоҳида расидааст.
Маълумоти дастрас ва фаҳмо
«Дар ду соли охир мо афзоиши таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мавзӯи ифлосшавии ҳаво дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон мушоҳида мекунем. Ба назари ман, ба ин насби стансияҳо ва дастгоҳҳои пайгирӣ (мониторинг)-и муҳити ҳаво, инчунин он далел, ки технологияҳои муосир маълумотро дар бораи ҳолати атмосфера дастрас ва фаҳмо кардаанд, мусоидат намуд”, - мегӯяд Антон Тимошенко, директори иҷроияи созмони экологии «Маленькая Земля».
Моҳи июни соли 2019 дар сафорати ИМА дар Душанбе дастгоҳи мониторинги сифати ҳаво ва ченкунии моддаҳои заррача насб карда шуд. Аз он вақт инҷониб, маълумот дар ин минтақаи пойтахт дар вақти воқеӣ гирифта шуда, онҳо дастраси омма мебошанд.
AQI - ба таври оддӣ - ченаки дараҷаи ифлосшавии атмосфера мебошад.
Дар соли 2020 "Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист" 11 дастгоҳии мониторинги сифати ҳаво насб кард. Чортои онҳо дар Хуҷанд ва яктоӣ дар Бохтар, Хоруғ, Исфара, Бӯстон, Кӯлоб, Панҷакент ва Рашт ҷойгиранд. Ҳамаи дастгоҳҳо ба якчанд платформаҳои онлайн муттаҳид карда шудаанд. Ҳамаи онҳо консентратсияи моддаҳои заррача, аз ҷумла PM10 ва PM2.5, инчунин ҳарорат, намӣ ва фишори атмосфериро чен мекунанд.
Бартарии дигари муҳими агрегатҳои индекси сифати ҳаво (AQI) ин тафсири осони маълумот мебошад - сатҳи ифлоскунанда ба арзиши индекс табдил дода мешавад ва дар категорияҳои ранга - аз “Хуб” то “Хатарнок” ҷойгир карда мешавад.
Оё ин стансияҳо/дастгоҳҳо тасвири пурра медиҳанд?
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист борҳо зикр карданд, ки онҳо маълумоти як станцияи пайгириро барои арзёбии пурраи вазъият нокофӣ мешуморанд. Ин мулоҳизаи одилона аст.
"Мушкилоти таҳияи рейтинг ё таҳлили маълумот дар бораи сифати ҳаво дар истифодаи манбаъҳои дастраси маълумот ифода меёбад. Ҳар як нуқтаи мониторинг вобаста ба макони насб маълумоти муайянеро дар бораи ин ҳудуд пешниҳод мекунад”, - мегӯяд Икром Мамадов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист".
Пойгоҳи сафорати ИМА маълумоти консентратсияи PM2.5-ро пешниҳод мекунад. Барои гирифтани тасаввуроти мукаммал, натанҳо гирифтани маълумот дар бораи партовҳои минтақаҳои гуногуни шаҳр муҳим аст, балки инчунин пайгирии дигар ифлоскунандаҳои асосӣ, аз ҷумла, дуоксиди азот (NO₂), дуоксиди сулфур (SO₂) ва оксиди карбон (СО) низ зарур мебошад.
Ба ҳамин далел (мавҷудияти танҳо чанд нуқтаи пайгирӣ) худи намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист маълумоти кофӣ ба даст оварда наметавонанд, то ки дар бораи сифати ҳавои Душанбе тасаввуроти пурра дода тавонанд.
То соли 2021 дар пойтахт аз рӯи нишондиҳандаҳои ду постгоҳи доимӣ ва ду озмоишгоҳи сайёр мониторинги сифати ҳаво гузаронида мешуд.
Дар «Шарҳи масъалаҳои ҳифзи атмосфера дар ҶТ, вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд» (2020) зикр мешавад, ки «танҳо яке аз стансияҳои назорати сифати ҳаво, ки дар тобеияти дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи муҳити зисти Душанбе ҷойгир аст, дар реҷаи автоматӣ кор мекунад. Ҷамъоварии маълумот аз дигар стансияҳо дастӣ иҷро карда мешавад. Постгоҳҳои назорати сифати ҳаво дар ҳудуди марказҳои гидрометеорологӣ, дур аз манбаъҳои доимии саноатии ифлоскунанда ҷойгир шудаанд».
Барои дуруст ҳисоб кардани консентратсияи моддаҳои заррачаҳо ва дигар ифлоскунандаҳои асосӣ, пайгирӣ дар ҳарчи бештар ҷойҳо ва доштани кадастри муфассали баландсифати партовҳо лозим аст. Асоси маълумоти боэътимод - мушоҳидаи доимии шабонарӯзӣ дар давоми сол бо истифода аз усулҳои стандартӣ ё наздик ба стандарт мебошад.
Боэътимод ё шубҳаовар?
Экологҳо ҳангоми тартиб додани ҳисоботи омории 2-TП (ҳаво) маълумотро дар бораи партовҳо аз манбаъҳои доимӣ (статсионарӣ) мегиранд. Партовҳо аз воситаҳои нақлиёт аз рӯи методологияи тасдиқшуда ҳисоб карда мешаванд. Маълумот дар бораи сифати ҳавои атмосфера бояд аз натиҷаи мониторинги ҳаррӯза гирифта шавад.
Аммо барои босифат гузаронидани мониторинги партовҳо, бахусус ба атмосфера, Кумитаи ҳифзи муҳити зист иқтидори кофии молиявӣ, кадрӣ ва техникӣ надорад.
Дар соли 2017 муаллифони гузориши “Шарҳи самаранокии фаъолияти экологӣ” зикр карданд, ки мушоҳидаҳо танҳо дар шумораи маҳдуди нуқтаҳои мониторинг гузаронида шуда, доираи маҳдуди параметрҳои назоратшавандаи ифлосшавии ҳавои атмосфераро фаро мегиранд.
Дар ҳисоботи «Вазъи кунунии татбиқ ва рушди низоми ягонаи иттилоотии экологӣ» (2019) гуфта мешавад, ки сатҳи татбиқи усулҳои муосири таҳлил, ҳисобҳо ва тавсияҳо дар татбиқи мониторинги муҳити зист дар Тоҷикистон (аз ҷумла, дар робита ба партовҳо ба атмосфера) паст боқӣ мемонад.
Дар ҳамин гузориш ба меъёрҳои «дақиқӣ» ва «рӯзмарра будан»-и чунин нишондиҳанда ба мисли «Партоби моддахои ифлоскунанда ба атмосфера» «Ҳамааш чандон хуб нест» баҳо дода шуд.
Дар Гузоришҳои Барномаи муштараки мониторинг ва арзёбии ҳамлу нақли ифлоскунандаҳои ҳаво ба масофаи дур дар Аврупо (EMEП) мизони партовҳои дуоксиди сулфур, дуоксиди азот ва оксиди карбон дар Тоҷикистон нисбат ба Агентии омори Тоҷикистон чаҳор маротиба бештар нишон дода шудааст.
Муаллифони Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» барои Душанбе (2022) инчунин ба мушкилоти ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфтаанд, ки гирифтани нишондиҳандаҳои таъсир ба муҳити зист дар як қатор самтҳо «ё мушкил буданд ё умуман дастрас нестанд».
Дастнорас будан, номутобиқатӣ ва баъзан ихтилофот дар маълумотҳо аз камбуди шадиди низомҳои автоматии ченкунии нишондиҳандаҳои муҳити зист ва усулҳои муосири таҳлил шаҳодат медиҳанд. Ва ин ба бовар надоштан ба маълумоти расмӣ боис мегардад.
Стансияҳои мониторинг зиёд мешаванд
«Барои аз лиҳози илмӣ асоснок кардани ифлосшавии ҳавои атмосфера низоми мавҷудаи мониторинг кифоя нест. Барои ин бояд дар тамоми шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон шабакаи мониторинг насб карда шавад, то ки вобаста ба шумораи сокинон ва ҳудуди он, шабака на камтар аз 30 пойгоҳ (стансия)-ро ташкил диҳад”, - шарҳ медиҳад Икром Мамадов.
Бо дастгирии лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)» дар ҷумҳурӣ 16 стансияҳои автоматии назорати сифати ҳаво – 5-то дар Душанбе ва 11-то дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ насб карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар замони шӯравӣ танҳо дар шаҳри Душанбе 8-то чунин нуқта вуҷуд дошт.
Стансияҳои нав ҳолати ҳаворо аз рӯи нишондиҳандаҳои дуоксиди карбон (СО), дуоксииди азот (NO₂), дуоксиди сулфур (SO₂), заррачаҳои андозаашон 10 мкм ва 2,5 мкм (PM10 ва PM2,5), озон (O3) пайгирӣ мекунанд.
«Инчунин ба Агентӣ як нуқтаи сайёри мониторинг дастрас гардид, ки сифати ҳаворо аз рӯи 16 нишондиҳандаи кимиёвӣ ва метеорологӣ таҳлил мекунад. Бо истифода аз он мутахассисон метавонанд дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мониторинг гузаронанд», - гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Сангин Самиев.
Стансияҳои нави автоматишудаи дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо насбшуда маълумоти гирифтаро ба платформаҳои онлайни барои ҳамагон дастрас намедиҳанд. Дуруст аст, ки Агентӣ дар сомонаи худ варақа (бюллетен)-и экологиро оид ба сифати ҳаво нашр мекунад.
Тафовут дар индексҳо ва нишондиҳандаҳои сифати ҳаво
Бисёр кишварҳо нишондиҳандаҳои сифати ҳавои худро доранд, ки метавонанд дар тафсири як маълумот ба фарқиятҳо оварда расонанд. Низомҳои бештар мавриди истифода, ки ҳарду як гурӯҳи ифлоскунандаҳои ҳаворо чен мекунанд, AQI ИМА ва AQI Чин мебошанд.
Платформаи дар боло зикршудаи Швейтсария - IQAir AirVisual ҳамон миқёси хатар, низоми рамзгузории ранг ва арзишҳои стандартиро барои ҳисоб ба мисли AQI ИМА истифода мебарад, аммо давраҳои миёнаи вақти гуногун истифода мешаванд.
Дар Тоҷикистон арзиши миёнаи консентратсияи ҳадии ниҳоии иҷозашудаи шабонарӯзии партовҳои PM2.5 35 мкг/м3, ҳадди ниҳоии яквақта 160 мкг/м3 мебошад. Консентратсияи ҳадди ниҳоии иҷозашудаи миёнаи солона 25 мкг/м3 мебошад.
Тибқи меъёрҳои СҶТ (моҳи сентябри соли 2021 нав шудааст), сатҳи миёнаи бехатари шабонарӯзии PM2.5 набояд аз 15 мкг/м3 ва сатҳи миёнаи солона набояд аз 5 мкг/м3 зиёд бошад.
Консентратсияи РМ2, ки дар ҷумҳурии мо бехатар ҳисобида мешавад, назар ба тавсияҳои СҶТ мутаносибан 2,3 ва 5 баробар зиёд аст.
Мувофиқи ҷадвали AQI ИМА, ҳадди ниҳоии консентратсияи иҷозашудаи миёна дар Тоҷикистон ба 35 мкг/м3 ба AQI 99,2 баробар аст. Ин ҳудуди байни ҳавои "мақбул" ва "носолим барои гурӯҳи аҳолии ҳассос" аст.
Ин метавонад қисман онро шарҳ диҳад, ки чаро дар ҳоле ки платформаҳои AQI сифати ҳаворо "носолим" нишон медиҳанд, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба “муътадил” шуморидани ин нишондиҳандаҳоро идома медиҳанд.
Консентратсияи миёнаи шабонарӯзии моддаҳои ифлоскунанда, ки бо фоиз аз ҳадди ниҳоии консентратсияи иҷозашуда ифода меёбанд, ҳамарӯза дар сомонаи Агентии обуҳавошиносӣ нашр мешавад. Ҳисоботи солона дар Интернет ҷойгир нашуда, танҳо дар ҳомилҳои коғазӣ дастрасанд.
Ба ҷойи охирсухан
Чанде пеш дар платформаи швейтсарии IQAir Гузориш дар бораи сифати ҳаво дар соли 2022 нашр шуд. Маълумоти дар ҳуҷҷат таҳлилшуда аз 131 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла тавассути мониторинги шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Тоҷикистон дар даҳгонаи аввали кишварҳои дорои ҳавои бештар ифлос ҷой гирифта, дар феҳристи пойтахтҳо Душанбе бо консентратсияи миёнаи солонаи PM2,5 ба андозаи 47,7 мкг/м3 дар ҷои 9-ум қарор гирифт.
«Ҳар гуна рейтинг як ҳавасмандӣ ё ангезаест барои ҷорӣ намудани ғояҳо, равишҳо ва технологияҳои нав”, - мегӯяд Икром Мамадов, роҳбари “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист.
«Мо бе нафаскашӣ наметавонем. Аммо мо метавонем сифати ҳавоеро, ки нафас мекашем, тағйир диҳем. Аксар вақт шумо ифлосшавии ҳаворо намебинед, аммо он дар ҳама ҷо ҳаст. Тоза ва беҳтар гардондани ҳавои пойтахт вазифаи умумии мост, зеро ин ба манфиати ҳар як нафар ва ҳамагон аст», — хулоса мекунад Антон Тимошенко.