Муддати ду рӯз аст, ки шаҳри Душанберо обуҳавои пурчангу ғубор фаро гирифта, он ба вазъи солимиии одамон, бахусус нафароне, ки аз диққи нафас азият мекашанд, таъсири зиёд дорад.
Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова барои эмин нигоҳ доштани худ аз зарари чунин обуҳаво дар суҳбат ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст, ки:
«Нафароне, ки бемории бодигармӣ (аллергия), диққи нафас ва диққи нафаси қалбӣ доранд, дар чунин вазъи ҳаво бештар азият мекашанд. Аз ин рӯ чунин шахсонро мебояд, ки эҳтиёт кунанд ва дар чунин рӯзҳо аз ниқоб истифода баранд».
Ба гуфтаи мутахассис, он нафароне, ки аз ин гуна бемориҳо азият мекашанд, хубтар мешуд дар ин рӯзҳо ба берун набароянд.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ “Ховар” хабар додааст, ки чангу ғуборе, ки дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, аз минтақаи шимоли Афғонистон ва Туркманистону Ӯзбекистон ворид шудааст.
Бино ба иттилои ӯ, сабаби чангу ғуборолуд шудани ҳаво - набудани боришоти тӯлонӣ дар минтақаи шимолии Афғонистон ва бархе давлатҳои ҳамсоя буда, ин ҳолат сабаби шиддат гирифтани шамол ва ҳаракат кардани чангу ғубор аз ин минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
«Чунин вазъи боду ҳаво то охири рӯз боқӣ мемонад. Эҳтимол аст, ки пагоҳ бинобар дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон чангу ғубор қатъ ё суст гарданд», — зикр намудааст Ҷамила Байдуллоева.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳангоми кор дар саҳро дар чунин вазъи обюуҳаво эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Инчунин Кумита ронандаҳо, кӯҳнавардон ва нафаронеро, ки бо дучарха ба саёҳат мебароянд, огоҳ кардааст, ки дар ҳолати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд, чунки ин рӯзҳо имконияти сангрезӣ дар назар аст.