Давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад.
Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанбору кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.
“Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд”, - тавсия медиҳад Кумита.
Ҳамчунин Кумита ба сайёҳон тавсия додаааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сайру саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Бо муроҷиат ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво, хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел, каналу селроҳа ва ҷӯйборҳо тоза карда шаванд.
Шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббииро дида, захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша бо худ дошта бошанд.