Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон 3 шаҳрванди Чин, ки гуфта мешавад, кормандони ширкати маъдантозакунии “Шоҳин СМ” дар ноҳияи сарҳадии Шамсиддин Шоҳин будаанд, ба ҳалокат расидаанд.
ВКХ Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки “ҳамлаи мусаллаҳона шаби 26-уми ноябри соли 2025 аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон сурат гирифт”.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак анҷом шудааст.
“Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.

Ин ниҳод бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум карда, аз мақомоти феълии Афғонистон (ҳукумати Толибон*) “барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя" даъват ба амал оварадаст.
Маълум нест, ки ин ҳамла мушаххас аз сӯи кадом гурӯҳ, ки дар Афғонистон мустақар аст, сурат гирифтааст. Вокуниши ҳукумати Толибон ҳам дар робита ба ин ҳамла ҳоло номаълум аст.
Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд. Гурӯҳе аз онҳо аз марз гузашта, вориди Тоҷикистон гашт ва боздошт шуданд.
Ҳамчунин, ин расона навишта буд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар сарҳад бо Афғонистон ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла шуд. Дар натиҷа як шаҳрванди Чин кушта, панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ гаштанд.
Ҳамчунин чанд дафъа пас аз пешравии ширкатҳои истихроҷи вобаста ба “Толибон” ва тағйири маҷрои дарёи Ому рух дода буд. Дар ин даргириҳо ҷонибҳо якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карда буданд.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи "Толибон"-ро зиёд мекунад.
Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Энерголимит в Таджикистане добрался до электромобилей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста