Дар мулоқот бо раҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва аҳли ҷомеаву фаъолони пойтахт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии нархҳои баланд дар бозорҳо мавҷуд набудани назорати дахлдор аз ҷониби директорони ин бозорҳо аст.
«Аз нисфи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар ҳамин ҳол, нархи онҳо баланд аст ва ин ҳолат боиси ташвиш аст», - иброз дошт сарвари давлат.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз болои нархҳо назорат бурда намешавад.
«Масалан, дар ноҳияи Ҷайҳун 1 кило сабзиро 40 дирам харида, ба ин ҷо меоранд ва панҷ баробар зиёдтар - бо арзиши 2,5 сомонӣ мефурӯшанд, - қайд кард президент. - Ин маблағи иловашуда аз куҷосту кӣ бояд инро назорат кунад? Доир ба болоравии «маъмулӣ»-и нархҳо замони фарорасии идҳо ҷойи гап ҳам нест».
Ба андешаи сарвари давлат, ин мушкилот маҳз ба директорони бозорҳо вобастагӣ дорад.
«Шумо танҳо барои кисаи худ ҷамъоварии маблағ барои иҷораву чекпулиро медонед. Кадом чизе ба шумо халал мерасонад, ки худатон мустақиман назди деҳқон ба саҳро рафта, аз он ҷо ба бозор маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва арзонро оред? Оё ин ҳамин қадар душвор аст?», - бо савол муроҷиат кард ба директорони бозорҳо сарвари давлат.
Президенти мамлакат ба раҳбарияти «Тоҷикматлубот», директорони бозорҳо ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба болоравии беасоси нарху наво роҳ надиҳанд.