Сарфи назар аз тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат андешида, аз оғози сол нархи аксари маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дар бозорҳои пойтахт боло рафт.
Сабабҳои болоравии нархҳоро ҳар гуна, аз ҷумла номунтазам шудани интиқоли он бар асари тез-тез қатъ шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, зиёд шудани қурби доллар ва дар робита ба мавсим маънидод мекунанд.
Бозори яклухтфурӯшии «Деҳқон» серодам набуд. Дар бозори «Шоҳмансур» ва бозорҳои начандон узурги маҳалалҳо нархҳо қариб якхелаанд, вале маҳсулоти хубу сара зери рафҳо пинҳонӣ фурӯхта мешавад. Ба гунаи мисол, картошка дар нархнома 3,20 сомонӣ зикр шуда, он қадр хуб нест, вале агар бо фурӯшанда гапзанон кунед, хушсифаташро бо нархи 4,20 сомонӣ ёфта медиҳад.
Як соҳибкор аз вилояти Суғд мегӯяд, қочоқи маҳсулоти ғизойӣ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле зиёд буда, хушкмева, сабзавоту меваи тару тоза дар бозорҳои ин кишвар чун маҳсулоти Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд.
Иқтисодчӣ Абдувоҳид Бурҳонов бар ин назар аст, ки ба нархҳо дар бозорҳо ба таври маъмурӣ кордор шудан лозим нест, зеро дар сурати дар кишвари ҳамсоя баланд будани нарх, маҳсулот ба он ҷо меравад.
«Ҳамааш ба нарх вобаста ва чун сомонӣ беқурб шуда, арзиши картошка бо доллар поин рафт, мутаносибан он ба кишварҳои ҳамсоя меравад, ки дар он ҷо нархҳо баландтаранд, - иброз дошт ӯ. - Бо фишор овардан ба савдогарон, ҳукумат ҳалли мушкилотро ба бунбаст тела медиҳад, зеро нархи баланд ба интиқоли маҳсулот таъсир расонида, минбаъд ба поинравии нархҳо оварда мерасонад, вале агар ба тоҷирон фишор идома ёбад, мушкил ҳаллу фасл намешавад».
Ба гуфтаи ӯ, яке аз воситаҳои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур харидории маҳсулот бо минбаъд фурӯхтани он нархҳои мақбулу воқеӣ барои тарафайн аст, ки шояд нархҳо низ баъдан коҳиш ёбанд.