Тибқи маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, айни замон дар Тоҷикистон 443 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд.

Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 - 926 нафар) дар ҳаёт буда, имрӯз шумори  онҳо то 443 нафар кам шудааст.

Калонсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умаров 117-сола аст, ки дар Вахш зиндагӣ мекунад. Хурдсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Леокадия Ковтун 90-сола буда, дар Душанбе иқомат дорад.

Ба қавли Раҳматулло Қудратов, яке аз собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон Олег Соболев бо даъвати ҳукумати Русия дар гузашти низомии рӯзи 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Маскав ба муносибати 72-солагии Ғалаба иштирок мекунад.

«Солҳои ҶБВ аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи кишвар 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд, - гуфт Қудратов. - Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд».