Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ ва пешгирии вуруди фарҳанги бегонапарастӣ дар пӯшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои «Шанхайбозор», миёни фурӯшандаҳо ва харидороне, ки рӯ ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.
Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки то ба ҳанӯз миёни фурӯшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, рӯ овардани занону бонувон ба бегонапарастӣ ҷой дорад.
Ҳамзамон, аз ҷониби бархе аз фурӯшандаҳо ба фурӯш баровардани сарбанде, ки бо номи «турба» муаррифӣ гардидааст, ба назар мерасад.
Қисми зиёди занону бонувон аз банди худнамоӣ ва таассуби тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо нагардида, ,барои харидории либосҳои дарози ба фарҳанги мо хос набуда вуруди бозор мешуданд. Бархе аз занон бо бастани сарбанди ба истилоҳ «турба» гаштугузор доштанд, ки бо чунин занон низ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.
Дар ин масир мо занону модарон мебояд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, баҳри нигоҳдоштани фарҳанги миллӣ, ки либос яке аз рукнҳои асосии он мебошад, мубориза барем.
Қобили қайд аст, ки чунин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни бархе аз мардон дар маркази савдои мазкур гузаронида шуд.
Дар оянда низ чунин чораҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ идома хоҳанд ёфт.