Маълумот дар бораи боздошти Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкоронашро ба шигифту тааҷҷуб овард.
- Абдумалик Саломов шахси хоксору меҳрубон ва ғамхор барои беморон буд ва дар вақти ғайрикорӣ бо чӣ машғул буд, мо таваҷҷуҳ зоҳир намекардем, зеро инро кори шахсии ӯ медонистем, - мегӯянд ҳамкорони ӯ. - Чун ӯ ҳаҷ кардаву макони муқаддаси Исломро зиёрат карда буд, ҳама ӯро эҳтиром мекарданд.
Зарринахон Саломова, ҳамсари табиб ва корманди Маркази солимии №2-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, давоми 22 соли зиндагии якҷоя ӯ худро ҳамсар ва падари хуб нишон дода, айни замон онҳо як писару се духтар доранд.
Ҳамсари табиб зикр кардааст, ки онҳо дар Русия кору зиндагии хуб доштанд, зеро Саломов дар яке аз госпиталҳои маъруфи ба номи Вишневскиии шаҳри Красногорск ва худаш дар дармонгоҳи шаҳри Маскав кор мекардааст, вале Абдумалик ҳамеша орзу доштааст, ки дар Ватан ва ба мардуми худ хизмат кунад.
- Дар ин ҷо ҳар ҳафта як маротиба ба чойхона рафта, бо ҳамсинфонаш ош мепухтанд, - иброз медорад ӯ. - Гоҳо ӯ шабонарӯзӣ дар бемористон қарор дошт. Дар иду ҷашнҳо ба афроди ниёзманд кумак мекард. Намозро дар хона мехонд. Риш надошт. Чун ҳамаи шахсони зиёӣ либос мепӯшид. Волидонаш низ диндор набуданд.
Ҳамаи ҳамкорони Абдумалик Саломов, ҳамчунин хешу ақрабо ва наздикони ӯ ба адолати судӣ умедвор буда, ҳарчи зудтар ба ҷойи кору назди оила баргаштани ӯро хоҳонанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста